Муҳтарам афсарону сарбозон, ҳозирини гиромӣ! Бо камоли ифтихор Шумо ва дар симоятон кулли ҳамдиёрону ҳомиёни Ватан, инчунин собиқадорони хизмати ҳарбиро ба ифтихори 29-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, ба ҳар яки Шумо дар рисолати басо муҳими ҳифзи марзу буми Ватан, матонату ҷасорат, азму иродат, солимию тандурустӣ, фатҳу нусрат ва ба хонадонатон файзу баракат таманно менамоям.

        Артиши миллӣ зодаи даврони истиқлоли кишвар буда, барои давлат ва халқи сарбаланди Тоҷикистон сипари давлатдорӣ, кафили оромию осудагӣ, сулҳ, амният ва ваҳдату якпорчагӣ маҳсуб меёбад. Он дар муддати хело кутоҳи таърихӣ ташаккул ёфта, аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашта, қудрати худро дар ҳифзи ҷомеа ва давлатдорӣ борҳо собит намуда, ба яке аз ниҳодҳои пурқудрат мубаддал гардидааст.
         Ташаккулу ба қувваи мусаллаҳи пурқудрат табдил ёфтани артиши миллии тоҷикон ба осонӣ ба даст наомада, он бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити ниҳоят ҳассосу вазнин таъсис ёфтааст.
    Барои расидан ба ин рӯзҳои фархундаю ба даст овардани ваҳдату сулҳу оштӣ мардуми сулҳпарвари мо машаққатҳои зиёде кашидааст, вале ин заҳматҳо бе самар намонданд. Натиҷаи ҳамин гуна талошҳо ва фидокориҳои фарзандони содиқи Ватан дар роҳи сулҳхоҳӣ ва меҳанпарастӣ буд, ки имрӯз мо дар шароити сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ дорем.
      Имрӯз мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки артиши мо бо ҳисси ифтихори ватандорӣ ҳар лаҳза омодаи ҳифзи кишвари азизамон аст.
       Дар ин маврид қайд кардани гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷоиз медонам:«Дӯст доштани Ватан, дӯст доштани модар аст. Меҳре, ки ба модари худ дорем, бояд ба Ватани худ низ дошта бошем. Волотарин меъёри расидан ба қадри Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлол, ин ба ҷо овардани хизмати Ватан ва ҳифзи марзу буми он аст».
    Дар натиҷаи татбиқи сиёсати пайгиронаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди таҳкими артиш ва оромию суботи ҷомеа, ҳоло иқтидори Артиши миллӣ дар сатҳи зарурӣ қарор гирифта, ба як мактаби ҳаётии бузург табдил ёфтааст, ки фарзандони мо дар он хизмат намуда, обутоб меёбанд, ҷасур ва шуҷоатманд мегарданд.
Ҳазорҳо ҷавонони ноҳия дар ҳайати Артиши миллӣ хизмат намуда, аз мактаби шуҷоат гузаштаанд ва имрӯз донишу малакаи худро ба дигар самтҳои соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат равона сохта, адои вазифа доранд.
    Дигаргуниҳои мусбати ҷомеа, амният, оромӣ, таҳкими сулҳу субот ва истиқлоли мутлақ маҳз аз хизмати содиқонаи Шумо ба даст меояд.
      Мусаллам аст, ки ҳадафи марҳилаи имрӯзаи сиёсати дифоъ ва амнияти миллӣ, ин дар баробари таъмини артиш бо сарбозон, инчунин омодасозии наврасон ва ҷавононро барои хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ дар бар мегирад.
Бо вуҷуди дигаргуниҳои мусбати замон шоҳиди хавфу таҳдидҳо, аз қабили ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, терроризм, ифротгароӣ, паҳншавии фарҳанги бегона ва идеологияи бегонаю ҷудоихоҳӣ мебошем.
      Ин вазъият талаб мекунад, ки ба ҳамаи кӯшишҳои сӯиқасд ба истиқлол ва манфиатҳои миллӣ зарбаи қатъӣ занем. Ёдрас менамоям, ки танҳо ба шарофати заҳматҳои фарзанди барӯманди Ватан, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чунин рӯзҳои нек расида, дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ дорем.
      Ва ин моро водор месозад, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро ҳеҷ гоҳ аз даст надода, аз як гиребон сар бароварда, дар мавриди боз ҳам вусъат бахшидани корҳои таблиғотӣ-ташвиқотӣ муттаҳид гардем.
Шуморо бори дигар ба ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ даъват карда, тамоми амалҳои номатлубро, ки абадӣ ҳукмрон будани истиқлолият, сулҳу ваҳдат, оромию осоиштагӣ ва сарчашмаи ифтихору сарбаландии наслшои оянда будани ватандории Тоҷикистониёнро халалдор менамояд, маҳкум намуда, иброз медорам:
    -Ҳама мардуми шарифи ноҳияи Рӯдакӣ ва сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбӣ, сарҷамъона дар атрофи сиёсати ягонаи давлатӣ ва ғояи Тоҷикистони соҳибистиқлол - Ватани маҳбуби ҳамаи мо, муттаҳид шуда, муташаккилона баҳри пешрафти ҷомеа талош хоҳем кард.
     Аз Шумо фарзандони бо нангу номус, ки имрӯз дар қисмҳои ҳарбӣ хизмат намуда истодаед, умед дорем, ки ин қарзи фарзандии худро дар назди Ватан-модар сарбаландона ба ҷо меоред, кишварамонро ҳифз ва Истиқлолиятамонро нигоҳ медоред.
   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бошад, ҷиҳати дастгирии хизмати содиқонаи Шумо кӯшиш менамояд, ки дар таъмини шароит баҳри хизмати сифатнокатон ҳисса гузорад.
Ҳозирини гиромӣ, Ҳамаи шуморо бори дигар ба муносибати 29-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, бароятон дар ҳифзи Ватани азизамон хизмати содиқона, нерӯи рӯзафзун, пирӯзиҳо ва дар ҳимояву дифои Тоҷикистон ҳушёрӣ ва садоқатро таманно менамоям.
                                               

                                                  Рӯзи Артиши миллӣ муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!