- Диданд: 72
СОКИНОНИ ДУ ДЕҲАИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ СОҲИБИ БУНГОҲИ ТИББӢ ШУДАНД
Дар арафаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ сокинони деҳаҳои Балхии ҷамоати деҳоти Султонобод ва деҳаи Ҳасанободи ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ соҳиби бунгоҳҳои тиббии нав шуданд.
Рӯзи 19-уми марти соли 2024 бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода ва раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода дар деҳаҳои мазкур ба фаъолияти бунгоҳҳои тиббии замонавӣ оғози расмӣ бахшида шуд.
Бунгоҳҳои тиббии деҳаҳои Балхии ҷамоати деҳоти Султонобод ва деҳаи Ҳасанободи ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд ёфта, бо шароити мусоиди хизматрасонии тиббӣ таъмин гардидаанд.
Бунгоҳи тиббии деҳаи Балхии ҷамоати деҳоти Султонобод дорои 6 ҳуҷра буда, барои 700 хоҷагӣ ва дар умум ба зиёда аз 3000 аҳолии маҳал хизмати тиббӣ хоҳад расонид. Бунгоҳи тиббии деҳаи Ҳасанободи ҷамоати деҳоти Зайнабобод бошад аз 5 ҳуҷраи корӣ иборат буда, ба сокинони 500 хоҷагӣ хизмати тиббӣ мерасонад.
Гуфтан ба маврид аст, ки иншоотҳои тиббии зикршуда дар асоси нақшаи чорабиниҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардида, дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи хуҷастапай ба сокинон туҳфа гардиданд.
- Диданд: 449
Дар ноҳия 1 беморхонаи марказӣ, 3 беморхонаҳои минтақавӣ, 25 марказҳои саломатии деҳотӣ ва 59 бунгоҳҳои тиббӣ, ҳамчунин маркази зидди бемориҳои сил бо 30 кат, дармонгоҳи дандонпизишкӣ, маркази назорати санитариву эпидемиологӣ, маркази ёрии таъҷилӣ бо 12 автомашина дар 6 нуқтаи ёрии таъҷилии минтақавӣ, дорухонаи марказӣ, маркази солими репродуктивӣ, маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, маркази ташаккули тарзи хаёти солим, маркази эмтаъминкунӣ ва маркази мубориза алайхи ВНМО (СПИД) ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Дар муассисаҳои тандурустии ноҳия 333 нафар табибон ва 1017 нафар коркунони миёнаи тиб фаъолият менамоянд.
Соли 2021 дар ноҳия бо мақсади татбиқи барномаву стратегияҳои миллӣ оид ба ҳифзи саломатии омма ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббии аҳолӣ, барномаҳои давлатӣ амалӣ гардида, баҳри пешгирии бемориҳо як қатор чорабиниҳо гузаронида шуд.
Дар соли 2021 дар беморхонаҳои ноҳия 13311 нафар бемор бистарӣ шуда, табобат гирифтаанд, ки нисбати соли гузашта 117 нафар кам мебошад. Шумораи фавтидагон 25 нафар (соли 2020-52 нафар) буда, нисбати соли гузашта 27 нафар кам мебошад.
Дар қатори корҳои назарраси дар соли 2021 амалигашта аз таъмири асосӣ баровардан ва бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардидани шуъбаи бемориҳои сироятӣ ва бо катҳои функсионалӣ ва 4 адад дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, 2 адад кардиомонитор, 1 адад дастгоҳи сабти барқии дил, 1 адад дефибрилятор муҷаҳҳаз гардонидани шуъбаи наҷот ва беҳискунии беморхонаро номбар кардан мумкин аст.
- Диданд: 884
Беморхонаи марказии ноҳия дорои 236 кати табобати буда, аз 8-шуъба иборат мебошад. Дар минтақаҳои дурдасти ноҳия 3 беморхонаи рақамавӣ, 2 беморхонаи минтақавии деҳот низ фаъолият мекунанд, ки дорои 105 кати бистарӣ мебошанд. Ба таври умумӣ 371 кати табобати шабонарӯзӣ ва 5 кати рӯзона дар ноҳия мебошанд. Аз он ҷумла маркази зидди бемориҳои сил бо 30 кати бистарӣ мебошад, мустақилона фаъолият дорад. Дармонгоҳи дандонпизишкӣ, Маркази санитарию эпидемиологи, Маркази ёрии таъҷилӣ бо 7 автомашина, дорухонаи марказӣ, Маркази солими репродуктивӣ, Маркази ҷамбастагии бемориҳои кӯдакона, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази эмтаъминкуни, Маркази мубориза алайҳи СПИД, ҳуҷраи боварӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ хизмат мерасонанд.
Саҳифаи 1 аз 2