Маркази саломатии ноҳияи Рӯдакӣ

 Оғози сохтмон соли 2007. марҳилаи 2 соли 2013, марҳилаи 3 соли 2013. Анҷоми сохтмон дар арафаи Иди Наврӯзи соли 2016. 

Маркази саломатӣ аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 марти соли 2016 ба истифода дода шуд. Маркази саломатӣ аз 5 ошёна иборат буда, дар он 314 табибон бо қабуди 310 нафар дар як баст фаъолият намуда, бино дорои озмоишгоҳҳо, маркази таълимӣ (синфхона барои корҳои амалӣ, компютерҳо) буда, сохторҳои вобаста ба тибби оилавӣ, соҳавӣ, марказҳои зидди сил, солимии репродуктивӣ, ҳамбастагии кӯдакона, эмтаъминкунӣ ва зидди СПИД дар бинои мазкур фаъолият менамоянд.

Барои корҳои сохтмонӣ маблағи 8 млн. 369 ҳазор сомонӣ, барои муҷаҳҳазгардонӣ маблағи 831000 сомонӣ сарф карда шудааст.

Дар баробари таҷҳизоти мавҷуда, иловатан бо асбобу дастгоҳҳоии тиббии зерин муҷаҳҳаз гардонида шудааст:

- «Лор комбайн» барои ташхиси бемориҳои гулу, гушу бинӣ,

- Дастгоҳи дандонпизишкӣ, барои табобат ва ташхиси бемориҳои дандон,

- Систоскоп, барои муоинаи беморони урологӣ,

- Бронхоскоп, барои муоина ва ташхисоти узвҳои нафаскашӣ,

- Гастроскоп, барои муоинаи меъдаю рӯда,

- Колпоскоп, барои муоинаи бемориҳои занона,

- «Шелевая лампа» барои муоинаи бемориҳои чашм,

- Дастгоҳи ултрасадо,

- Дастгоҳи ҳозиразамони сабти барқии дил (ЭКГ),

- Дастгоҳҳои солимгардонӣ (машқи бадан),

Дар ноҳияи Рӯдакӣ   Маркази саломатии ноҳиявӣ, 31 марказҳои саломатии деҳот бо 1755 қабул дар як баст ва 81 бунгоҳои   тиббӣ   фаъолият   мекунанд.

Дар маркази саломатии ноҳиявӣ ва муассисахои зертобеи он 243 нафар   табибон, 696 нафар кормандони миёнаи тиб ва 265 нафар кормандони   хурди   тиб фаъолият   доранд.

Тахассуснокии кормандон сол ба сол бо тариқи гузаштани курсхои бозомӯзӣ ва аттестатсияҳо дар назди комиссияи аттестационии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. 

Оид ба масъалаи хизматрасонии тиббӣ бояд тазаккур дод, ки дар соли 2017 дар ноҳия бо мақсади татбиқи барномаву стратегияҳои миллӣ оид ба ҳифзи саломатии омма ва  баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббии аҳолӣ, барномаҳои давлатии «Дурнамои фарогирӣ, пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати диабети қанд”, “Барномаи миллии пешгирии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ”, “Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати беморихои ҳозима”, «Ташаккули тарзи ҳаёти солим»,  «Эмкунӣ», «Пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемории ишемиявии дил» амалӣ гардида, баҳри пешгирии бемориҳо силсила-чорабиниҳо  гузаронида шуд.

 Њамчунин,  барои ҳифзи саломатии омма беморхонаи марказии ноҳиявӣ бо 236 кат, маркази саломатии ноҳиявӣ бо  250 қабул дар як баст, 31 марказҳои саломатии деҳот бо 1755 қабул дар як баст, 81 бунгоҳҳои тиббӣ, маркази ёрии таъҷилӣ, 5 беморхонаҳои минтақавӣ бо 105 кат, маркази зидди бемориҳои сил бо 30 кат, солимии репродуктивӣ, ҳамбастагии бемориҳои  кӯдакона, ташаккули тарзи ҳаёти солим, эмтаъминкунӣ, мубориза алайҳи СПИД, Маркази  назорати санитариву эпидемиологӣ, дармонгоҳи дандонпизишкӣ ва дорухонаи марказӣ фаъолият намуданд. 

Дар ноҳия ҳамагӣ 419 нафар табиб, 1160 нафар  кормандони миёнаи тиб фаъолият менамоянд,  ки  ба хар 10000 ахоли 7,8 табиб ва 21,7 нафар  корманди миёнаи тиб рост меояд.

Шумораи умумии кормандони  соҳаи тиб дар ноҳия 1579 нафарро ташкил дода, дар муассисаҳои тандурустӣ  419 нафар табиб ва  1160 нафар  кормандони миёнаи  тиб  фаъолият доранд,  ки  ба ҳар 10.000 аҳолӣ  7,8 табиб ва  21,7 нафар  корманди миёнаи тиб рост меояд.  

Дар Беморхонаҳо хамагӣ 15667 нафар беморон бистарӣ шуда, табобат  гирифтаанд. Шумораи фавтидагон 55 нафар ва беморони бо роҳхат 6695 нафар - ро ташкил дод.

 Дар дармонгоҳҳои ноҳия бошад, давоми сол 2 млн. 367 ҳазору 638 нафар нисбати соли гузшта 430 ҳазор нафар зиёд қабул карда шуданд, ки аз онҳо бо сабаби беморӣ 519858 нафар нисбати соли гузашта 202745 нафар зиёд муроҷиаткунандагон қабул карда шуданд. 

Бо мақсади тақвият додани иҷрои қонунгузориҳо ва талаботҳои соҳаи тандурустӣ сохторҳои ёрирасони беморхонаи марказӣ ва дигар муассисаҳои тандурустӣ ба шакли хизматрасонии пулакӣ гузашта истодаанд.  Ин тадбир пеш аз ҳама ба баланд рафтани маоши кормандон ва мустаҳкам гардидани пояҳои моддӣ-техникии муассисаҳои тиббӣ равона карда шудааст.

 Маркази Мубориза алайҳи бемориҳои сил, баъди воридоти барномаи стратегияи ДОТС оиди саривақт муайян намудану табобати бемориҳо ва пешгирии  бемориҳои сил, дар байни аҳолӣ фаъолият намуда истодааст. Дар соли 2017- 409 нафар беморон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 22 нафар кӯдакони то синни 17 сола мебошанд. Ташхиси  бо бемор  алоқаи зич доштагон (контактные) дар 11 моҳи соли 2017 - 1047 нафар буда, аз онҳо 83 нафар бемор ба қайд гирифта шуд.

Барномаи кӯмак  ва  дастгирии синамаконӣ  аз соли 1995 инҷониб амал намуда,  дар натиҷаи он нишондодҳои бемориҳо дар байни модарон хеле кам шудааст. Адади хунравиҳои шадид баъди таваллуд кам шудааст, дар соли ҳисоботӣ бемориҳои шадиди сина (мастит) умуман ба қайд гирифта нашуда, бемориҳои навзодон кам шудааст.

Дар Маркази Вич/Спиди ноҳия шумораи умумии сироятёфтагон 676 нафар, аз ин ҷумла 408 нафар мард, 268 нафар зан, аз он ҷумла 164 нафар бо роҳи тазриқӣ ва 140 нафар кӯдак ба қайди оморӣ гирифта шуда, зери назорат қарор доранд. Аз ҳисоби умумӣ сироятёфтагон 155 – нафар фавтиданд. (кӯдакон 29 – нафар). 

Дар натиҷаи роҳандози намудани корҳо ҷиҳати беҳдошти хизматрасонии тиббӣ дар ноҳия давоми соли ҳисоботӣ як қатор бемориҳои сироятӣ кам гардонида шуд. Аз ҷумла бемории ислоҳи хунин нисбати соли гузашта 52 адад кам, диарея 585 адад кам, зардпарвинҳо 639 адад кам, скарлатина 7 адад кам, ба қайд гирифта шуданд.