Беморхонаи марказии ноҳия дорои 236 кати табобати буда, аз 8-шуъба иборат мебошад. Дар минтақаҳои дурдасти ноҳия 3 беморхонаи рақамавӣ, 2 беморхонаи минтақавии деҳот низ фаъолият мекунанд, ки дорои 105 кати бистарӣ мебошанд. Ба таври умумӣ 371 кати табобати шабонарӯзӣ ва 5 кати рӯзона дар ноҳия мебошанд. Аз он ҷумла маркази зидди бемориҳои сил бо 30 кати бистарӣ мебошад, мустақилона фаъолият дорад. Дармонгоҳи дандонпизишкӣ, Маркази санитарию эпидемиологи, Маркази ёрии таъҷилӣ бо 7 автомашина, дорухонаи марказӣ, Маркази солими репродуктивӣ, Маркази ҷамбастагии бемориҳои кӯдакона, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази эмтаъминкуни, Маркази мубориза алайҳи СПИД, ҳуҷраи боварӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ хизмат мерасонанд.
Табибони ноҳия зиёда аз 564700 нафар ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Дар ноҳия 384 нафар табиб, 1116 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият менамояд, ки ба ҳар 10 000 ањоли 6,8 табиб ва 19,7 нафар корманди миёнаи тиб рост меояд.
Аз он ҷумла дар беморхонаи марказии ноҳия 100 нафар табиб ва 265 нафар ҳамшираҳо ба аҳоли хизмат мерасонанд.
Дар Беморхонаҳо ҳамагӣ 8172 нафар беморон бистарӣ шуда, табобат гирифтаанд. Фавтид 23 нафар. Беморони бо роҳхат 1425 нафар - ро ташкил мекунад. Дар 6– моҳи 2017 – 8396 нафар беморон бистари шуда, фавтид – 25 нафар, ки нисбат ба соли гузашта 224 нафар бемор кам буда, фавтидагон ба – 2 нафар кам мебошад.