СОКИНОНИ ДУ ДЕҲАИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ СОҲИБИ БУНГОҲИ ТИББӢ ШУДАНД

          Дар арафаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ сокинони деҳаҳои Балхии ҷамоати деҳоти Султонобод ва деҳаи Ҳасанободи ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ соҳиби бунгоҳҳои тиббии нав шуданд.

          Рӯзи 19-уми марти соли 2024 бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода ва раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода дар деҳаҳои мазкур ба фаъолияти бунгоҳҳои тиббии замонавӣ оғози расмӣ бахшида шуд.

          Бунгоҳҳои тиббии деҳаҳои Балхии ҷамоати деҳоти Султонобод ва деҳаи Ҳасанободи ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд ёфта, бо шароити мусоиди хизматрасонии тиббӣ таъмин гардидаанд.

          Бунгоҳи тиббии деҳаи Балхии ҷамоати деҳоти Султонобод дорои 6 ҳуҷра буда, барои 700 хоҷагӣ ва дар умум ба зиёда аз 3000 аҳолии маҳал хизмати тиббӣ хоҳад расонид. Бунгоҳи тиббии деҳаи Ҳасанободи ҷамоати деҳоти Зайнабобод бошад аз 5 ҳуҷраи корӣ иборат буда, ба сокинони 500 хоҷагӣ хизмати тиббӣ мерасонад.

          Гуфтан ба маврид аст, ки иншоотҳои тиббии зикршуда дар  асоси нақшаи чорабиниҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардида, дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи хуҷастапай ба сокинон туҳфа гардиданд.