Иди Сада дар маркази маъмурии ноҳияи Рӯдакӣ шаҳраки Сомониён 27 январи соли 2022 бо иштироки намояндагони ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолон ва аҳли ҷамоатчигӣ ва баргузории маҷлиси тантанавӣ, барномаи фарҳангӣ, намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, ниҳол ва гулу буттаҳо таҷлил карда шуд.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОН ДАР НОҲИЯ
     Ба хотири таҷлили сазовори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбони ноҳияи Рӯдакӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадшариф Бобошоҳзода, сардори Раёсати маорифи ноҳия Соҳибназар Сафаров, директори Коллеҷи техникӣ-омӯзгории ноҳия Гулхумор Ҳусейнзода, директори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов Салоҳиддин Разоқзода иштирок ва суханронӣ намуданд. Инчунин, дар чорабинӣ мудирони бахшу сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, омӯзгорону хонандагон ширкат варзиданд.                
ТАҶЛИЛ АЗ ИДИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН
2-юми октябр дар Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбони ноҳияи Рӯдакӣ ба ифтихори Иди касбии омӯзгорон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадшариф Бобошоҳзода, сардори Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ Сафаров Соҳибназар, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф Табарӣ, собиқадори маориф, собиқ сардори Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ Бобо Одинаев, директори Коллеҷи техникӣ-омӯзгории ноҳия Гулхумор Ҳусейнзода ва дигар кормандони соҳаи маорифи ноҳия иштирок намуданд.