- Диданд: 604
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ Шумо ва кормандони Прокуратураи ноҳияро ба муносибати иди касбӣ - Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура табрик гуфта, бароятон сарбаландӣ, сиҳатмандӣ, бахту саодат ва дар адои вазифаи пурмасъулият баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун ва саҳмгузорӣ дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муваффақиятҳо таманно менамояд.
Мақомоти прокуратура яке аз сохторҳои муҳими низоми давлатдорӣ ба шумор рафта, вазифаи асосии он ба таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои демократии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ равона гардидааст. Аз ин рӯ таъмини қонунияту адолат, амният, сулҳу субот ва ризоият дар ҷомеа аз фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура вобаста мебошад.
Боиси қаноатмандист, ки кормандони Прокуратураи ноҳия вазифаҳои аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоштаро баҳри ҳимояи манфиатҳои давлат сарбаландона иҷро намуда истодаанд.
Меҳнати пуршараф ва талошҳои шоистаи ҳар як корманди Прокуратураи ноҳия дар ин ҷода аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба хубӣ эҳсос мегардад.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки эътимоди баланди мардуми диёр ба азму иродаи кормандони прокуратура рӯҳу илҳоми тоза бахшида, барои ҳомии воқеии ҳуқуқу озодиҳои инсон будани онҳо роҳнамоӣ менамояд.
Бори дигар ҷашни касбиро табрик гуфта, ба ҳар яки шумо дар иҷрои рисолати пуршарафатон комёбӣ таманно менамоям.
Иди касбӣ муборак бошад!
- Диданд: 588
Ҷамъомати тантанавӣ
11 марти соли 2022 дар ноҳияи Рӯдакӣ Рӯзи матбуоти тоҷик бо тантана таҷлил гардид. Дар он муовини раиси ноҳия М.Бобошоҳзода аз таърихи матбуоти тоҷик, мувваффақияту дастовардҳои он ёдовар шуда, заҳмат талабу пурмасъулият будани касби рӯзноманигориро қайд намуд. Дар ҷамъомади тантанавӣ сармуҳарир, адибону рӯзноманигорон, собиқадорони рӯзномаи ноҳиявӣ ва дигар ҳаводорони матбуот ширкат доштанд.
Дар охири ҷамъомат ба як қатор рӯзноманигорон барои хизматҳои арзанда аз номи мақомоти иҷрояти ҳокимияти давлатии ноҳия сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ такдим гардид.
- Диданд: 574
Санаи 5-уми марти соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи модар - 8 март чорабинии фарҳангию фароғатӣ доир гардид. Дар тантанаи идона раиси ноҳияи Рӯдакӣ муҳтарам Азизулло Исматзода, муовинони раиси ноҳия, инчунин мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва занони фаъоли касбу кори гуногун ширкат варзиданд.
Чорабиниро сараввал раиси ноҳияи Рӯдакӣ муҳтарам Азизулло Исматзода бо паёми табрикотии худ оғоз намуда, иброз дошт, ки «Зан-модар беҳтарину арзандатарин офаридаи Худованди муттаъол дар рӯйи замин мебошад. Бузургони мо беҳуда нагуфтаанд, ки:
Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.
Дар фарҷоми чорабинии тантанавӣ ба занони фаъоли касбу кори гунони ноҳия сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии ноҳияи Рӯдакӣ супорида шуд.
Саҳифаи 40 аз 73

