Дар ноҳияи Рӯдакӣ калонтарин маҷмааи варзишӣ ба истифода дода шуд. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони 414 иншооти дорои аҳамияти ҷамъиятиву ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудааст. Соли равон ба истифодадиҳии 27 иншоот, аз ҷумла 7 мактабу синфхонаҳо, 3 маркази савдо ва хизматрасонӣ, 3 майдонча ва маҷмааи варзишӣ, 4 иншооти коммуналӣ, 4 иншооти дорои дигар самти фаъолият ва 6 коргоҳи истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи ин созандагиҳо имрӯз дар деҳаи Обчакорони деҳоти Чимтеппаи ноҳияи мазкур як маҷмааи варзишӣ ва майдончаи варзишии ҳозиразамон ба истифода дода шуд. Маҷмааи солимгардонӣ дар ноҳия яке аз калонтарин ба ҳисоб рафта, масоҳати умумиаш 1882,2 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Подкатегории