Ҳозирини гиромӣ!

Меҳмонони муҳтарам!

           Бо шарофати истиқлолияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари азизамон  таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз боз ҳам ободу  зебо гардида истодааст. Мардуми хушиқболи Тоҷикистон дар фазои  сулҳу  дӯстӣ  ва   ваҳдати  абадии  миллӣ ба бунёдкорию созандагӣ  машгул  мебошад.

        Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократии соҳибистиқлол  ва ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сиёсати берунии худ сиёсати дарҳои кушодро пеш гирифтааст, ки мутобиқи он фазои кишвари мо барои ҳамкорӣ ва робитаҳои мутақобила  бо  тамоми давлатҳои дунё  мусоид мебошад.

          

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 оид ба тахия намудани нақшаи чорабиниҳои ободонӣ баҳри ба ифтихори созандагиву бунёдкорӣ пешвоз гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои муайнеро ба субот расонид.  Бахри сазовор ва бо корҳои бунёдкориву созандагӣ пешвоз гирифтани 30 - солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарори Раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз 22 июни соли 2018, №2392 “Дар бораи тасдиқи ҳайати гуруҳи корӣ ва нақша чорабиниҳои Маќомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ чиҳати омодагии ҳамамчониба ба чашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ”-ро ба тасвиб расонид.

Нақшаи мазкур аз 2 замима ва 448 банд иборат буда, 34 банди он ба баргузории тадбирандешиҳои сиёсӣ, корҳои таблиғот, ташвиқотӣ, чорабиниҳои оммавӣ ва маърифатӣ нигаронида шудааст.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои бунёдкорию ободонӣ, сохтмони иншооти иҷтимоию хизматрасонӣ ва корхонаҳои нав дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ифтихори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳои Чимтеппаи ноҳия майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд. Иншоот бо маблағи  аз 120 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд ёфта, масоҳати умумиаш 800 метри квадратиро ташкил медиҳад. Дар расми ифтитоҳи майдончаи мазкур роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва намояндагони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, инчунин омӯзгорону хонандагон ва сокинони деҳа иштирок намуданд.

 
 

 

                           

                           

                           

Подкатегории