Ба ҳамагон маълум аст, ки сулҳу суботи Тоҷикистон бар ивази ҷонфидоиҳои ҷавонмардони шуҷои Ватан ба даст омада, барои расидан ба чунин вазъи мусоид халқи тоҷик кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ дода, рӯзҳои даҳшатноку фоҷиаборро сипари намуда, даврони мушкили иқтисодиву иҷтимоиро паси сар кардааст.  Имрӯзҳо халқи тоҷик дар арафаи ҷашни бузург-Ваҳдати миллӣ қарор дорад. Дар ин раванд нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон низ басо намоёну бузург аст. Ӯ ҳамчун меъмори сулҳи тоҷикон, пешвои ваҳдатофар ба ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хотима гузошта, бунёди сулҳу ризоияти миллиро бо такя ба арзишҳои таҳаммулгарои ва ҳамзистии осоишта ба воқеият табдил дода, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам тақвият бахшид. Ҳамин Пешвои мо буд, ки бо қувваҳои мухолифин дар гуфтушунид шуд, музокиротро дар доираи васеи сиёсат-самадорон анҷом дод ва ниҳоят ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амали гардонида, барои санаи 27 июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа зами-наҳои ҳуқуқию сиёсиро фароҳам сохт. Сулҳи тоҷиконро ба даст овард, заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохт, ба корҳои азими созандаги ифтитоҳ бахшид, вазъи  иҷтимои ва иқтисодии мардумро ба кулли беҳтар кард, ки аз он эътибори сиёсии давлат дар арсаи байналмиллали афзуд.

        Рўзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа, ҳамчун санаи фархундаи таърихи Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд ва он  ҳамчун дастоварди миллӣ ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.

        Нодида гирифтани чунин хизматҳои арзандаи Сарвари давлат, пос надош-тани арзишҳои муқаддаси соҳибистиклолии давлат ва Ваҳдати милли амали баръало равшани носипоси ва ношукрист. Дар ҳоле ки аз Ватан ношукри кардан гуноҳ буда, ватандӯсти аз имондорист.

Таърих исбот намудааст миллатҳое, ки баҳри рушду нумӯи давлати миллии худ мубориза мебаранд, ҳадафҳои худро дар доираи мафкураи миллӣ асоснок менамоянд, имрӯз бисёр муваффақанд.             Имрӯз вақти он расидааст, ки мафкураи миллиро дар байни оммаи васеи шаҳрвандон таблиғу ташвиқ намуда, онро ҳамчун ғоя ба хислати ҳамагон табдил диҳему барои инкишофи босуръати Ватани азиз саҳм гузорем.              Ҳамчунин Ваҳдати милли дар баробари андешаи милли моро ҳидоят менамояд, ки дар бораи рушди соҳаҳои муҳими афзалиятноки иҷтимоии ҷомеа, аз ҷумла соҳаи маориф зиёдтар таваҷуҳ зоҳир намоем. Масъулияти бештарро дар тарбияи насли худогоҳу худшинос, ватандӯсту зираку ҳушёр эҳсос намоем. Аслан ба насли ҷавон талқин кунем, ки ҷавҳари худшиносиву худогоҳии милли ва ифтихори ватандори, пеш аз ҳама дӯст доштани модар, забон, Ватан, таърих ва арзишҳои миллию фарҳангӣ мебошад.

        Дар ҳамаи динҳо, алал-хусус дини мубини ислом, тамоми ибодатҳо бар ахлоқ асос меёбанд.  Ҳадафи ибодат низ соҳиб гаштан ба ахлоқи нек аст. Ин ҷо фармудаи Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с)-ро ёдовар шудан бамаврид аст: «Мусулмон танҳо касе аст, ки аз дасту забони ӯ ҳамаи мусулмонон дар саломат бошанд ва ба касе азият нарасад. Муъмин касе аст, ки мардум дар хуну моли худ аз дасти ӯ дар ҳифзу амният қарор гиранд».

        Чи тавре, ки огаҳи дорем бархе аз ҷавонон ба дасисаву ангезаҳои хаёлии аҷнабиён ва душманони миллат ихлос намуда, ҳатто пайрави онҳо мегарданд. Ҳар гуна рафтори бадро кӯркӯрона қабул меку-над. Тобеи фикрҳои дигарон, ё худ одамони норизо аз ҷомеа мегарданд.

        Дар ҳамин ҳол вазифаи аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа, падару модарон пеш аз ҳама мустаҳкам намуда­ни мафкураи милли дар ҷавонон ва дар рӯҳияи ватандустиву ифтихори милли, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашари тарбия намудани онҳо мебошад. Ҷавонон бояд соҳибилм, эҷодкор, бомаърифат, бофарҳанг, меҳнатдӯст ва солимфикр бошанд.

        Ҳамзамон ташаккули зеҳни, илми, хештаншиносиву худогоҳии миллии ҷавонон, муҳаббати беандоза ба Ватан, парҳез аз бегонапарастиву таассуби дини, моҷароҷӯйи, терроризм ва экстремизм вазифаи тамоми сокинони мамлакат маҳсуб меёбад.

       Моро зарур аст, ки ба қадри суботу ороми бирасем ва аз пайи омӯзишу бунёдкори, рушди иқтисодиёт ва пешрафти дигар самтҳои кишвари азизамон Тоҷикистон бошем. Бешак, Ваҳдати милли,  иттиҳоду ягонаги, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими халқиятҳои хирадманд ва сулҳпарвари Тоҷикистон бори дигар собит месозад, ки имрӯз таҳким ва ҳифзи он қарзи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа ба шумор меравад.

 

Меликмурод Қаландаров

       Дар ин мусобиқа 243 нафар паҳлавонон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, инчунин паҳлавонони беҳтарини ҷумҳуриамон бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.

        Мусобиқа аз рӯи вазнҳои 60, 66, 73, 81, 90, 100 ва ҷамъи 100 кг гузаронида шуд.

        Сабқатҳои ниҳоии паҳлавонони вазнҳои 60-100 кг ва қувваозмоии паҳлавонони сангинвазн (+100кг) рӯзи охирини мусобиқа, яъне 5 октябр барпо гардид. 

   Аз паҳлавонони ноҳияамон 3 нафар, Раҳимов Темур, Ғазалшоҳи Давлатшоҳ ва Муҳаммадраҳимов Абдуқодир дар ин мусобиқа иштиро намуданд.

    Паҳлавонони ҷавону умедбахши наҳия Раҳимов Т. дар рафти мусобиқа, дар вазни +100кг баромад намуда, 4 нафар паҳлавонро аз ҷумҳуриамон ва ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон мағлуб намуда, сазовори ҷойи яку, медали тилло, Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10 ҳазор сомонӣ гардид. Паҳлавони дигари ноҳия Ғазалшоҳи Давлатшоҳ дар вазни то 100 кг баромад намуд. Ӯ баъди се ғалаба аз паҳлавони Қазоқистон Пак Сергей мағлуб шуда, ҷойи сеюмро инғол намуд.

    Муҳаммадраҳимов Абдуқодир бошад, дар давраи якум аз паҳлавони Ҷумҳурии ҚазоқистонТоктоконов Бекболот мағлуб гардида, аз давом додани мусобиқа маҳрум гардид.

    Ҳамин тариқ, паҳлавони зерин аз рӯи дигар вазнҳо ғолибони мусобиқа гардиданд:

    Дар вазни то 60кг-Рӯзиев Достон (Ӯзбекистон);

    Дар вазни то 66 кг-Юсупов Абдуҷалил (Ӯзбекистон);

    Дар вазни то 66 кг-Фарҳодов Раҳматуллобек (Тоҷикистон);

    Дар вазни то 81 кг-Маҷидов Ҷаҳонгир (Тоҷикистон);

    Дар вазни то 90 кг-Мелиев Достон (Ӯзбекистон) ;

    Дар вазни то 100 кг-Саидов Саидҷалол (Тоҷикистон);

         Маросими ифтитоҳи расмии Фурушгоҳи ҶДММ «Мадад-Агро» дар деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ. 

    Фурушгоҳи ҶДММ «Мадад-Агрои аз ҷониби соҳибмулк Баҳруллои Хайрулло ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон, бо мақсади осон намудани захмати кишвоварзони кишвар тарики таъмини онхо бо техника ва мошин олотҳои кишоварзии муосир, каммасраф, арзон ва имтиёзи пардохти маблағҳо ва хизматрасонии сервисии маҳсулот, дар ҳудуди деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, таъсис дода шудааст. -Ташаббускор-соҳибмулк: Базҳруллои Хайрулло -Ном: Фурӯшгоҳи ҶДММ «Мадад-Агро» -Масоҳати умумии замин: 0.23 га. -Масоҳати бинои маъмури: 260 м2 -Масоҳати зери айвон: 96 м2 -Таъсиси ҷойи нави кори: барои 10 нафар -Бино дуошёна, дар ошёнаи 1-ум ҷойҳои нигоҳдории техникаҳо, дар ошёнаи 2-юм идораи маъмури ҷой гирифтааст. -Дар шафати марказ барои сайёҳон нуктаи хурди хизматрасони сохта шудааст. ҶДММ «Мадад-Агро» тибки созишномахои мавҷуда намояндаи (дилер) расмии Ширкати YTO INTERNAIONAL, LTD оид ба фуруши тракторхо ва дигар техникаи кишоварзи, хамзамон маркази расмии дилерии ҶСК “Гомсельмаш”, дорои ваколатҳои фуруш ва хизматрасонии техникии маҳсулот дар ҳудуди Ҷумҳурии Точикистон мебошад. Айни замон дар ихтиёри ҶДММ «Мадад-Агро» мачмуи техника ва мошинолотҳои кишоварзи аз қабили ядакҳо, испор, тракторҳои тамгаи YTO -224, YTO-904, YTO-1804, дорупошак, алафдаравак, алафдаравӣ дасти ва ғайраҳо мавчуд аст, ки хоҳишмандон ва хусусан шахсони ҳуқуқӣ, сохибкорони инфиродӣ, хочагиҳои деҳконӣ ва дигар субектҳои хоҷагидори, метавонанд онхоро аз ҷумла тарики пардохти имтиёзноки маблагҳо харидори намоянд.

           

             

   

 

Подкатегории