Ҳамдиёрони гиромӣ,

  Меҳмони басо арҷманди диёри мардумони сарбаланди ноҳияи Рӯдакӣ, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ, муҳтарам Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд!

        Мо, дар лаҳзаҳои гуворои ҷашни яке аз тадбирҳои фархундаи таърихӣ, иди бузурги умумихалқӣ ва барои ҳамаи Тоҷикистониён муқаддас - Маросими ба истифодадиҳии иқтидори аввал - Чархи якуми Нерӯгоҳи обӣ-барқии Роғун қарор дошта, бо шодкомӣ дар ин майдони муҳташам сарҷамъ омадем, то ки шукуҳу шаҳомоти иншооти аср будани ин манбаи Нурамонро, бори дигар собит созем. 

          Ҳамаи шумо ва дар симоятон тамоми мардуми диёрамонро,  бо камоли ифтихору сарфарозӣ, ба муносибати ин ҷашни бузургу тақдирсоз - мавриди истифода қарор гирифтани чархи якуми иншооти асри Тоҷикистониён, аз самими қалб ва садоқати бепоён, табрику муборакбод, менамоям.              

 Бо набарди  халқ  Роғун  нурборон мешавад,

Иқтидораш  иқтидори  Тоҷикистон мешавад,

 Рушд  меёбад  зи  нерӯяш  тамоми соҳаҳо,

Зиндагӣ  осудаю  ҳар мушкил осон мешавад.

          Бо шукрона аз ин давлат, таманно менамоем, ки Нури Роғун бароямон раҳнамо ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Прези-денти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоятгари фатҳу нусратҳоямон бошад!                                                                                     

        Мутмаинем ва бо такрор мегуем, ки НОБ-и Роғун рамзи соҳибистиқ-лолиятии энергетикӣ кулли Тоҷикис-тониён аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кардааст.

      Сохтмон ва ба кор даровардани ин иншооти бузурги энергетикӣ ба навиштани достонҳо меарзад  ва он худ достони қаҳрамонии баёнгари иродаи устувору ҷасорати рустамона, хиради беҳамто, дилбастагӣ ба Ватан ва садоқати бепоён ба давлат, мебошад.

     Нерӯгоҳи Роғун бузургтарин ва муҳимтарин иншооти гидроэнерге-тикии Тоҷикистон ба шумор меравад.

       Бе нерӯгоҳи Роғун рушду тараққиёти босуръат ва ояндаи пурсаодати давлати Тоҷикистонро тасаввур кардан мушкил аст. Маҳз ба ҳамин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Сарвари давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамояд: «Ҳаёту мамоти Тоҷикистон вобаста ба Роғун аст».

        Агар аз худ пурсем мо - Чист Роғун? Мегӯем: «Роғун - ободиву сарсабзии имрӯзу фардои Тоҷкистон, тараққиёти бесобиқаи саноату кишо-варзӣ ва муҳимтар аз ҳама, рушноиву гармии шабонарӯзии ҳар хонадони мардуми мо мебошад! 

     Роғун-воситаи муҳимтарини баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, омили таконбахши рушди маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг ва фаъолияти пурсамару бардавоми бемо-ристону ятимхонаҳо, хонаҳои пирон-солон ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ мебошад!

Роғун сарчашмаи ифтихори миллии ҳар як фарзанди Тоҷикистон ва рамзи сарбаландии имрӯзу фардои мост!

         Агар боз пурсем - Чист Роғун? Боз гӯем: Роғун майдони мехнату набард,  Роғун матонат, чойи заҳмат ва Роғун макони ҳосили меҳнат аст.

      Мавриди истифода қарор гирфитани  чархи нахустини  НОБ-и Роғун гувоҳи сиёсати пайгирона ва марҳила ба марҳилаи Сарвари давлат дар роҳи расидани Тоҷикистон ба давлати аз нигоҳи иқтисодӣ тавоно ва хуррамиву саодатмандии  мардумонаш ба ҳисоб меравад.     НОБ-и Роғун аз он сабаб иншооти аср номида шудааст, ки дар баробари бахшидани нуру гармӣ манбаи фароҳам овардани шароити хуби маишии мардуми шаҳру деҳот хоҳад гашт. 

       Бо ба кор даромадани ин иншооти бузурги аср, имконоти шодобгардонии садҳо ҳазор гектар заминҳо дар минтақа муҳайё мегардад. Гузашта аз ин имконоти Тоҷикистон доир ба истеҳсол ва ва содироти нерӯи барқ ба маротиб боло меравад ва аз ин сарвати аз ҷиҳати экологӣ безарар, дигар кишварҳои ҳамсоя низ метавонанд баҳравар гарданд.  

      Бегуфтугӯ, бунёди НОБ-и «Роғун» ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд аст, ки барҳақ гуфтаанд: «Нерӯгоҳи барқии обии Роғун чун ҷабҳаи кору пайкор барои насли имрӯзаи  тоҷик воқеан ба як мактаби бузурги касбомӯзӣ, бунёдкорӣ ва афзудани маҳорату малакаи касбӣ табдил ёфтаст». Воқеан ҳам чунин аст.

       Ин рӯзи некро, тамоми Точик-истониён солхо интизор буданд. Фарзандони бо нангу номуси Ватан, мутахассисону сохтмончиёни баланд-ихтиссос барои наздик овардани ин рӯзи таърихи шабонарӯз заҳмат кашиданд.

      Яъне имрӯз рӯзи равшаниву нур, расидан ба ормонҳои миллӣ ва фардои дурахшони Точикистони азизамон мебошад.

       Боиси ифтихор аст, ки дар ин мактаби ҳунару одамият дар ҷараёни сохтмон ҳазорҳо ҷавонони Тоҷикистон соҳиби касбу ҳунар гардина, аз мутахассисони одӣ то дараҷаи устоҳо расиданд. 

      Бо назардошти  фидокориҳои ана ҳамин бунёдкорон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   14 ноябр дар Қасри миллат ба беш аз 100 нафар мутахассисони касбу кори гуногуни арсаи нангу номус мукофотҳои давлатӣ супорида, дар ҷараёни маросими қадрдонӣ таъкид карданд, ки: «Неругоҳи барқи обии «Роғун» иншооти муҳиму стратегии кишвар ба ҳисоб меравад, аз ин рӯ роҳбарияти олии кишвар ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба сохтмони иншооти гидроэнер-гетикӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои бунёди неругоҳҳои хурду бузург дар қаламрави кишварамон ҳамаи захираву имкониятҳоро сафарбар намуд».

       Ҳамчунин таъкид гардид, ки «Бунёди пурраи ин кохи нур роҳи асосии ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил шудани Тоҷикистон буда, омили муҳимтарини таконбахши иқтисодиёти миллӣ, афзоиш ёфтани иқтидори содиротии кишвар ва муҳимтар аз ҳама, сабаби  таъмин намудани сатҳи шоистаи зиндагии сокинони мамлакат мегардад».

         Ҳамдиёрони азиз, Истиқлолияти энергетикӣ, ки чоряк аср боз интизораш будем, дар ҳақиқат як неъмати бебаҳо ва бахти бузурги мо мардумони Тоҷикистон мебошад. Ҳамаи ин осоиштагӣ, тинҷию оромӣ, комёбӣ ва мувафақиятҳо, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ба даст омадаанд, бор оварданд.

       Ва ин бор  таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳои аз бунбасти комуни-катсионӣ ва имрӯз истиқлолияти энергетикӣ мебошад, ки мо Тоҷик-истониён бо роҳбарии Пешвои миллатамон, ба он ноил гардидем.

         Ва акнун аз пештара ҳам муташаккилтар, сарҷамъ ва якдил бошем. Дар якҷоягӣ мардумро ба иштироки фаъолона ва саҳмгузориҳо баҳри ободии ватан ҳидоят намоем. Дар хотир дошта бошем, ки  барои худ мо худ бояд бикунем.

Умуман, ояндаи давлат, миллат ва Тоҷикистони азиз аз муносибати мою шумо нисбати кору фаъолиятамон вобаста аст. 

        Аз ин рӯ, бояд ҳар яки мо, ҳар фарди худогоҳу худшинос, ҳар шахси бонангу номус, ба хотири пешрафту тараққиёти кишвар, ба раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳамроҳ шуда, беш аз пеш дар ободсозии сарзамини аҷдодии худ саҳмгузор гардад.

      Пас биёед, якдилу яктан шуда, дар атрофи ғояи «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол - Ватани маҳбуби ҳамаи мо» муттаҳид шуда, муташаккилона фаъолият ва зиндагӣ намоем. 

     Бо шукрона аз Ватандориямон, бояд пайваста кушиш намоем, ки ҳар як хишти бинои давлати соҳиб-истиқлолу ҳуқуқбунёди тоҷикон мус-таҳкамтар гузошта шуда, давлатдории миллати куҳанбунёдамон дар ҷаҳони мураккаби асри навин, симои хешро дошта бошад. 

    Ҷиҳати нигоҳ доштану инкишофи дастовардҳои бо заҳматҳои зиёд ба даст омада,  бо меҳнати ҳалол ва ақлу хиради солим талошҳо намоем.  Ин замон аз кӯҳи Роғун сури Ваҳдат мерасад,

Аз ривоҷи корҳо пайғоми нусрат мерасад.

Пешво бо даъвати худ, кард моро муттаҳид,

Аз ҳама атроф саҳми халқу миллат мерасад!

         Бори дигар ҳамагонро ба муносибати ба истифода дода шудани чархи якуми Неругоҳи обӣ -барқии Роғун табрик гуфта, бароятон ҷаҳду талош, азму иродаи қавӣ, боварию эътимод ба ояндаи дурахшони кишвари азиз  ва рӯзгори осударо  таманно дорам. 

       Бигзор, Нури Нерӯгоҳи Роғун, дар дилу дидаи ҳар яки мо меҳри Ватанро афзунтар намояд!

      Бигзор, азму иродаи шикастно-пазир ва нерӯи офарандаи халқамон моро ба сӯйи пайкорҳои созанда, ҳидоят намояд.

 

Бо як овоз мегӯем: Чист Роғун?

Роғун ин иқтидори давлат аст,

Кони ганҷу маҳзани нуру сарват аст

      Роғун ҳастии миллати мо ва ҳаёту мамоти давлати Тоҷикистон аст!»

         Сарбаланду саломат бошед!

 

Дар мусулмонии баъзеҳо як хосияти аҷиби ҳайратоваре дида мешавад,  ҳар оне, ки онҳоро ба сӯи ислом даъват менамояд, аз нав гӯё ба дини нав мегаравида бошанд ба найранги ҳангомахоҳон дода мешаванд.  Зуд фаромӯш мекунанд, ки дини ислому мусулмонӣ  ҳанӯз дар асри VІ пайдо гашта, нури он то ба ҳол сеяки аҳолии ҷаҳонро мунаввар менамояд.

                 Манзур он аст, ки дар ибтидои солҳои 80-ум дар Тоҷикистон гурӯҳе пайдо гашт, ки дар байни мардум таблиғот бурда, одамонро ба суи дини ислом даъват мекард. Чун сухан аз номи ислом мерафт, мардум оҳиста-оҳиста ба даъвати онҳо фирефта мешуд. Ин тафриқаандозӣ аввалин қадамҳои Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон буд.  Чун онҳо ақидаи ваҳоббияро ба мардум талқин мекарданд, шояд як зумра мардуми гумроҳ инро ба таври худ фаҳмида, навоварие дар дини ислом донистанд, ки ба аъзогии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пайвастанд.

                Ин мағзшӯйии мардум баъд аз пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ ба наҳзатиён самара дод. Чун Тоҷикистон соҳибистиқлол шуд ва аз узвияти Иттиҳоди Шуравӣ берун рафт, ваҳҳобиҳо симои худро намудор сохтанд. Дар майдонҳо гирдиҳамоиҳо оғоз намуда, бо ташвиқи ҲНИТ аз ҳукумат талаби истеъфо намуданд. Ба мардум гуфта мешуд, ки агар ҳар касе ба майдон набарояд, кофир мешавад. Ҳамин ҷо он хосиятҳои аҷиби зудтағйирпазирии мусулмонон айён шуда, одамони гумроҳ шабу рӯз дар майдонҳо иқомат намуда, тутивор шиорҳои сиёсиро такрор мекарданд. Ниҳоят вазъият шиддат гирифта, мардум паси сангарҳо қарор гирифт ва хуни аввалини бегуноҳон рехта шуд.

                Ин ҷанги байни бародарони ҳамхун, ҳамчун ҷанги шаҳрвандӣ дар хотираҳо нақш баст. Садҳо шаҳру деҳоти обод ва мардуми он  ба хоку хун кашида шуданд. Мардуми бисёр аз навоҳиҳо ба хориҷи кишвар ба мулки Афғонистон фирор карданду ҳазорҳо аз ташнагиву гуруснагӣ ҷон доданд. Пешвоёни ҲНИТ инро истифода бурда, аз тамоми давлатҳои арабиву исломӣ талаби кӯмак намуда,  худро мазлум ва ҳомиёни дини ислом муаррифӣ менамуданд. Аммо дар асл чунин набуд.

                Фаъолияти ТЭТ ҲНИТ-ро Суди Олии кишвар баррасӣ намуда, собит сохт, ки «роҳи ихтилофбарангезиву ҷудоихоҳии ҲНИТ  мунҷар ба табаддулот ва барҳам задани низоми мавҷудаи сиёсӣ нигаронида шуда, бо амалҳои террористиву ифротгароӣ даст ба тағйири сохторӣ оварда расонид. Таърихи ташаккул ва таҳаввули ин ҳизб нишон дод, ки дар марҳилаҳои начандон тӯлонии инкишофи худ ин ҳизби сиёсии исломӣ ихтилофу зиддиятҳоро дар ҷомеа барангехта, ҳамеша барои носуботии амнияти дохилӣ ва минтақавӣ замина фароҳам оварда, омили асосии даргирии ҷангҳои дохилӣ буд».

                Инак, вақт исбот кард, ки мақсади роҳбарияти ҲНИТ - хиёнат ба Ватан, рехтани хуни тоҷикони мусулмон ва ба нестӣ бурдани давлату миллат буда,  таи ин солҳо ҳамеша дар фикри эҷоди тафриқа буданду ҳастанд.

                Бинобарин мардуми шарифи Тоҷикистонро ба иттиҳоду якдилӣ даъват намуда, аз ҳамаи шумо хоҳони онам, ки сулҳу суботи кишварро мисли гавҳараки чашм нигаҳбон бошед. Чунки шумо мусулмонед, на аъзои ҲНИТ.

Ҳоҷӣ Аминҷон

Подкатегории