- Диданд: 373
Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар солонаи соли 2021 фаъолияти худро тибқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ», Амру Фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, дастуру супоришҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи корӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқро ба роҳ монд.
Иқдомҳои бунёдкориву созандагиҳои Президенти кишвар, нақшаҳои азими иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ҳамчунин тадбирандешиҳо ҷиҳати раҳоии кишвар аз бунбасти комуникатсионӣ ва ба ҷои кор таъмин намудани занону духтарони ноҳияи Рӯдакӣ бо қаноатмандӣ ва мамнуният пазируфта шудааст
Давоми солонаи соли ҷорӣ 89 муроҷиати шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки мавзӯи муроҷиаташон асосан 7 нафар таъмин ба ҷои кор, 14 нафар расонидани кӯмаки моддӣ, 68 нафар ҳалли моҷарои оилавӣ, гирифтани маслиҳати ҳуқуқӣ буда, муроҷиати онҳо имкониятан қонеъ гардонида шуд.
Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар солона ҳамаги 103 мавод, аз он ҷумла 33 мавод аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 13 мавод аз Мақомотҳои болоӣ, 16 мавод аз Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Торҷикистон, 21 судҳо, 20 мавод Амру Карори Раиси ноҳия ва ташкилоту муассисаҳои дохили ноҳия ворид гаштааст.
Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба рафти иҷрои Амру Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба сиёсати занон ба макомоти болоӣ мунтаззам ахборот пешниҳод карда шуд.
Фаъолияти ҷорӣ ва тадбиқи барномаҳо:
Барои шароитҳои муфид муҳайё намудан, баланд бардоштани дараҷаи зист ва беҳдошти ҳаёти занон дар ноҳия Барномаҳои давлатии «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», «Тарбия, интихоб ва ҷо ба ҷо гузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» ва «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023» амал намуда истодаанд.
Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ. Тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020, №16\1349, даври якуми озмуни «ҳунарҳои ороиши аз санг»-ро дар моҳи январи соли 2021 гузаронида ғолиби озмун Холиқов Абдукарим сокини ҷамоати деҳоти Роҳатӣ деҳаи Роҳатӣ гардида ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод гардид.
Дар назди майдони ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳия рӯзи 28 январи соли 2021 тибқи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 ҷашни «Иди сада» баргузор гардид, ки занони ҳунарманд, ҳунарҳои аз худнамудаи худро ба маърази тамошобинони чорабинӣ гузоштанд, ки ин аз он шаҳодат медиҳад, ки занони ноҳияи Рӯдакӣ ба хотири рушди ҳунарҳои аҷдодӣ ва ташвиқу тарғиб намудани таҷрибаи пешрафтаи ҳунармандон саҳми худро гузоранд.
Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ҳамкориҳои дуҷониба дар пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим бо мақсади амалисозии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020 №АП-1332 ва ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, озмуни «Дастархонороӣ»-и даври якуми ноҳиявиро рӯзи 29-январи соли равон бо иштироки масъулони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор гардида, аъзоён ва ғолибони озмунро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карданд. ғолибони озмун Бегализода Дилафруз сокини ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳия ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, ҷойи намоёнро ишғол намуд ва бо Ифтихорнома мушарраф гардид.
Аввали моҳи феврал 10 нафар аз тарафи фаъолзанони ноҳия дар тарабхонаи «Сирена»-и шаҳри Душанбе семинар оиди бемории сил баргузор гардид, ки иштирокчиён оид ба ин беморӣ ва пешгирии он бисёр маълумотҳоро ба худ гирифтанд.
Инчунин 6-феврали соли ҷорӣ тибқи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, даври якуми фестивали заргарӣ таҳти унвони «ҳунар омуз…» дар маркази ноҳия баргузор гардид, ки ҷононова Саймо Мирзоевна ва сокини ҷамоати деҳоти Гулистон ва Холиқов Абдукарим Замонович сокини ҷамоати деҳоти Роҳатӣ ғолиб омада, ба даври дуюми ҷумҳурияви роҳхат гирифт.
Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар санаи 17 феврали соли равон оиди нуқтаҳои омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомад дар қасри фарҳангӣ ба номи К. Кароматуллои ноҳияи Рӯдакӣ гузаронида шуда ба тариқи ВАО пахш гардид. ҳамчунин Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 ва аз 27-уми январи соли 2020, №АП-1332 тасдиқ шудааст, бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, саёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ барои солҳои 2019-2021», дар қасри фарҳанг бо қарори Раиси ноҳияи Рӯдакӣ дар рӯзи 19-уми феврали соли 2021 Фестивал-озмуни «Чакомаи гесу» бо иштироки ҷавондухтарони коллеҷҳои ҳудуди ноҳия дар сатҳи баланд гузаронида шуда, ба ғолибони озмун аз тарафи шуъбаи кор бо занон ва оила ифтихорномаҳо тақдим намуда ва ба даври ҷумҳуриявии ин озмун иштироки ҷавондухтарони ноҳия, ки рӯзи 5-уми марти соли ҷорӣ дар қасри Филармонияи давлатии ба номи А.ҷураев баргузор гардид, назаррас буд.
Дар доираи барномаҳои мазкур силсилаи чорабиниҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзӯъҳои пешгирӣ ва бартараф намудани зуҳуротҳои номатлуб, аз ҷумла худкӯшӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ, тақлид ба либоси бегона, гаравиши занону духтарон ба гурӯҳу созмонҳои ифротӣ, инчунин суҳбату вохӯриҳо ба масъалаҳои ташаккули хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, одоби оиладорӣ, сабабҳои вайроншавии оилаҳо, бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои пешгирии он, пешгири намудани никоҳҳои бармаҳал ва хешу таборӣ бо иштироки раисони шӯроҳои занони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолзанон, сарварони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо, намояндагони ташкилотҳои занона ва ходимони дин, шӯроҳои духтарони муассисахои тахсилоти миёнаи умумӣ дар ҳамаи ҷамоатҳо баргузор гардид.
Тибқи банди 2, зербанди 3,3 ва банди 4, зербандҳои 4.5, 4.7,4.9,4.11- Нақшаи кории шуъба ташкили ҳамкориҳо ба воситаи ахбори омма, мунтазам дар расонаҳои ҳабарӣ, сомонаи шуъба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот инъикос намудани маводи иттилоотиву таҳлилӣ оид ба фаъолият ва инчунин мунтаззам силсила- чорабиниҳо, суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзуъҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, бемориҳои сироятӣ, ВНМО ва роҳҳои пешгирии он, бемории коронавирус, бемории амрози занона, сил, зарпарвин, диабети қанд ва фарбеҳшавӣ, чорабиниҳои илмӣ ва маърифатӣ-фарҳангӣ, баромадҳои радиоӣ ва телевизионӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани зуҳуротҳои номатлуб, аз ҷумла худкӯшӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ, тақлид ба либоси бегона, гаравиши занону духтарон ба гурӯҳу созмонҳои ифротӣ, нашъамандию нашъаҷалобӣ ва ҷинояткорӣ инчунин суҳбату вохӯриҳо ба масъалаҳои ташаккули хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, одоби оиладорӣ, сабабҳои вайроншавии оилаҳо, пешгири намудани никоҳҳои бармаҳал ва хешутаборӣ бо иштироки раисони шӯроҳои занони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолзанон, сарварони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо, намояндагони ташкилотҳои занона ва ходимони дин, шӯроҳои духтарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ҳамаи ҷамоатҳо баргузор гардид.
Дар асоси банди 4-и зербанди 4.6 Нақшаи кории Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кори ташкил намуда, якҷоя бо шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар 5 қисмҳои ҳарбӣ аз аввали моҳи феврали соли равон вохӯрию мулоқотҳои ҷавонписарон ва модарон бо фарзандонашон гузаронида шуд.
Дар ин радиф дар арафаи таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ, чорабиниҳо вохӯриҳо, маҳфилҳо ва рӯзи дарҳои кушод дар қисмҳои ҳарбӣ таҳти унвони «Аскарбачаам-фахри ман» дар 14 ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор карда шуд. Кормандони комиссиариати ҳарбӣ, афсарон ва ҷавонписарон, дар муассисаи таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ чорабиниҳо таҳти унвони «Ватанпарвар», «Ҳомии Ватан» ва мусобиқаи харбӣ-варзишӣ «Кани писарон» бо иштироки модарон баргузор гардид.
Инчунин бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тарбия дар муҳити хонавода, муассисаи таълимӣ ва ҷомеа, паст кардани ҷинояткории наврасону ҷавонон, баҳри иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мутобиқи Нақша- чорабиниҳои ҳамкорӣ бо Раёсати маориф, бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, фарҳанг, ШВКД №1 ва 2, беморхонаи марказӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия як қатор тадбирҳо амалӣ гардонида шудаанд.
Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар санаи 21 ва 22 феврали соли ҷорӣ бо мақсади иҷрои нуқтаҳои Паёми имсолаи Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, ки даъват ба амал оварданд, мо модарону бонувони кишвар бояд дар риояи қонунҳои миллиамон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» боз ҳам фаъол бошем. Дар бораи баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа ва дар бораи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Сомониён, Чимтеппа, Зайнабобод ва Сарикиштӣ семинар-машваратҳои омӯзишиву иттилоотӣ, мизи мудаввар дар мавзӯи «Фарзанди нек боғи падар» ва «ҳеҷ неъмат беҳтар аз фарзанд нест» гузаронид.
Дар ҷараёни омӯзиш вобаста ба масъалаҳои пешомада ва ҳамчунин дар мавриди таъмини риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» васеъ ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ, истифода аз шаклҳои корӣ ба монанди вохӯриҳо, мизҳои мудаввар бо иштироки кормандони ҷамоат, сарварону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо ва волидайн, инчунин суҳбатҳои инфиродӣ бо ҳар волидайну хонанда корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Машваратҳои омӯзишиву иттилоотӣ, мизи мудаввар дар мавзӯи «Модар-чароғи хонадон», «Оилаи солим-ҷомеа солим», ва мулоқоти намояндагони сохторҳо дар мавриди хушунат дар оила, тарзи ҳаёти солим, муковимат ба савдои одамон ва расониданикумак ба курбониёни савдои одамон, фарогирии духтарон ба таълим, пешгирии нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, пешгирии зуҳуротҳои номатлуб, никоҳҳои хешу таборӣ, омода набудани духтарон ба ҳаёти мустақилона бо усули «Хона ба Хона» аз ҳисоби фаъолзанон, руҳшиносон, табибон, собиқадорон гуруҳи корӣ ташкил карда, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.
Баҳри дар амал тадбиқ намудани қарори Раиси нохия «Дар бораи ҷашнгирии Рӯзи Модар» санаи 6-уми март дар қасри фарҳангӣ ноҳия чорабинии тантанавӣ бо иштироки и. в. муовини Раиси нохия Суфиев Х. ва 150 нафар занону модарони фаъоли ноҳия аз ҷумла фаъолзанони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, собиқадорони меҳнат, занони фаъоли ноҳия, сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ, кормандони соҳаҳои гуногуни ноҳия, ки роҳбарии онҳоро занон ба уҳда доранд, баргузор гашта, аз тарафи Раиси ноҳия табрикот баҳри модарони бузург гуфта шуда, ба ҳамаи онҳо туҳфаҳои идона ва Сипосномаҳо супорида шуд.
Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар арафаи таҷлили «Рӯзи модар» якчанд чорабиниҳоро дар байни занону духтарони ноҳия гузаронид. Мақсад аз баргузор намудани чорабиниҳо дар байни гулдухтарону занон ин пос доштани мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа ва баланд бардоштани қадру қиммати модар-фариштаи илоҳиро, ки заҳмати зиёдро бар дӯши худ кашидааст моро ҳушдор месозад, ки ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии модар бирасем ва ӯро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем .
Дар арафаи «Рӯзи модар» ба 10 нафар занони аз 100-сола боло ба маблағи 1000 сомонӣ, дар ҷамъ 10000 сомонӣ ва гулдастаҳо қадрдонӣ карда шуд.
Боз ҳам бо мақсади пойдории оила, тарбия ва ҳидоят намудани наврасону ҷавонон ба роҳи нек, ташвиқу тарғиб дар байни духтарон, гиромидошти шахсияти модар дар хонавода ва ҷомеа, эҳё ва рушди алласароӣ миёни ҷавондухтарон, дастпарварони коллеҷу омӯзишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимӣ озмуни «суруди Модар Алла»-ро дар сатҳи баланд баргузор намуд.
Дар ин Фестивал-озмун коллеҷҳои ҷумҳуриявии техникӣ-омӯзгорӣ, коллеҷи фарҳангӣ ба номи П. Буйдоқов, муассисаҳои таълимӣ ва 14 ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок карда, ҷойи аввал насиби донишҷӯи бахши дуюми шуъбаи рӯзноманигории коллеҷи фарҳангӣ, қодирова Мадина ва ҷойи дуюм насиби донишҷӯи бахши дуюми коллеҷи техникӣ-омӯзгорӣ Ашурова ҳилола гардид.
Дар таърихи 13-уми марти соли равон даври якуми озмуни «Кадбонуи беҳтарин» гузаронида шуд, ки дар он занону бонувони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва донишҷӯдухтарон аз коллеҷхои ҳудуди ноҳия иштирок намуда, ҷои аввалро аз ҷамоати деҳоти Зайнабобод, деҳаи Файзоба Бобохонова Идимоҳ сазовор гашта ба даври ҷумҳуриявӣ пешниход гардид.
Вобаста ба эълон гардидани «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои солҳои 2019-2021» аз ҷониби шуъбаи кор бо занон ва оила чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ дар сар то сари ноҳия баргузор карда шуд.
Ҷашни «Наврӯзи Аҷам» 20-уми март дар қасри фарҳанги ба номи К. қурбонови ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардида, дар арафаи ҷашни бузург Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Исматзода Азизулло суханронӣ намуда, ҳозиринро бо ин рӯзи фархунда табрик намуд ва инчунин дар ибтидои чорабинӣ Раиси ноҳия Исматзода Азизулло табрикоти хешро ба ҳозирин ва кулли ҳамватанон иброз доштанд. Дар рафти суханрониашон Раиси ноҳия аз аҳамияти таърихӣ ва муҳимияти ин иди миллии ниёгон ёдовар шуда, ҳозиринро ба ифтихор доштан аз ҷаҳони гаштани Наврӯзӣ хуҷаста талқин намуданд.
Баъдан Раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон, вакил аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии 8-и Сомонӣ Юсуфӣ М. бо суханрониашон мардумӣ сарбаланди ноҳияро бо ҷашни фархундаи Наврӯз табрику таҳният хонданд. Дар идомаи чорабинӣ сарояндагон, мутрибони ҷумҳурӣ ва ноҳия ҳунарнамоӣ ва бо рақсу сурудҳои дилнишин хотири ҳамагонро шод гардониданд.
Иди Наврӯз, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ба иди ҷаҳонӣ табдил дода шуд, имсол дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба 30-солагии истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Наврӯзи истиқлол дар шаҳраку ҷамоатҳои деҳоти ноҳия низ таҷлил карда шуд.
Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар чорабиниҳои «Сайри гули Лола» ва «ҳунар беҳтар аз зар бувад», ки дар санаи 30-юми марти соли равон якҷоя дар назди Парчами ҷумҳурииТоҷикистони ноҳия баргузор гардида, саҳми худро гузоштанд. Аз ҷумла саҳми ҳунармандон, гулдухтарони чаканпӯш ва атласпӯш ҷавонписарон бо либосҳои милливу муосир, кӯдакони боғчаи №1,2,3,4 бо либоси идона ва афсонавӣ тарроҳону дӯзандагон, эҷодкорону рассомон ва аҳли илму фарҳанг маҳсули эҷоднамудаи худро ба намоиш гузошта, ҳунари зебоиофари онҳо хеле назаррас буд, хусусан иштироки ҳунармандон аз шаҳраку деҳотҳои Сомониён, Зайнабобод, Султонобод, Лоҳур, Турсунзода, Роҳатӣ, Чоргултеппа, Чорякоррон ва Чортеппа назаррас буд.
Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон дар бисёр ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ҳудуди ноҳия Чорякоррон, Зайнабобод, Султонобод, Турсунзода алахусус ҷамоати деҳоти Роҳатӣ деҳаи Теппаи Самарқандӣ дар таърихи 1-уми апрели соли ҷорӣ ҳунархои мардумӣ, хӯрокҳои миллиро дар барномаи телевизионии «Навои деҳа» ба навор гирифта, пахш карда шуд.
Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати иҷрои бандҳои 5 ҷадвалҳои баргузории фестивал- намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021», ки бо амри Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020, №АП-1332 ва аз 30-декабри соли 2020 тасдиқ шудаанд, тибқи Амри Раиси ноҳияи Рӯдакӣ, 23-апрели соли 2021 бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар боғи фарҳангии «ғалаба» даври дуюми Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» ва «Атласу адрас» бо шукӯҳу шаҳомат ва дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар Фестивали мазкур беш аз 150 нафар иштирокчиён аз 14 ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаҳои таълимӣ ва коллеҷхои ҳудуди ноҳия иштирок намуда, аз руи 6 номинатсия ба намоиш гузоштанд. Мақсади намоиш ин арзишҳои фарҳангӣ буда, ҳадафи он эҳтиром гузоштан ба либоси миллӣ, ҳисси зебоипарастӣ, бедор намудани завқи баланди аҳолӣ ба фарҳангӣ либоспӯшӣ ва ба ин васила муаррифии санъати ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.
Аз таърихи 06.05.2021 сол то 20.05.2021 сол, таҳти №38 аз 05.05.2021 дар бораи ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои экстримистию террористӣ ва ба хориҷа рафтани ҷавонон барои гирифтани таҳсилоти ғайриқонунии динӣ ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои мил лат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣбаён доштанд, дар 14 ҷамоат, 7-муассисаҳои таълимӣ ва 58 маҳаллаҳо сӯҳбату вохуриҳо гузаронида шуд, ки шуъбаи занон ва оила иловатан оид ба масъалаҳои занон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурданд.
Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ якҷоя бо бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар санаи 15-майи соли 2021 дар қасри фарҳанги ба номи К. Қурбонови ноҳия чорабинии тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи оила»-ро баргузор намуданд. Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳия Маҳмадшариф Бобошоҳзода мудири бахши САҳШ-и ноҳия, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва инчунин дигар намояндагони сохторҳои гуногун иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси ноҳия суханронӣ карда, ҳозиринро бо муносибати «Рӯзи оила» табрику таҳният гуфта, қайд намуданд, ки оила яке аз ҷузъҳои муҳими ҷамъиятӣ ва ниҳоди асосии он ба ҳисоб меравад. Чуноне, ки мегуянд ҷомеаи солим аз оилаи солим маншаъ мегирад ва дар ҳаёти ҳар як нафар оила нақши калон дорад.
Дар идомаи чорабинӣ ба 4 ҷуфт оилаҳои навбунёд аз ҷониби мудири сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ба 5 ҷуфт оилаҳои дорои кӯдакони навзод шаҳодатномаи таввалуд тақдим карда шуд. Сипас аз тарафи шуъбаи кор бо занон ва оила ба оилаҳои намунавӣ туҳфа ва дастагулҳо тақдим карда, баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ намоиш дода шуд.
Тибқи мактуби телевизиони якум дар таърихи 18-майи соли равон дар худи телевизион барномаи «Клуби дугонаҳо»-и ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардид. Мақсади аз баргузор гардидани ин барнома шинос шудан бо занони фаъоли ноҳия, кишоварзону соҳибкорон аз ҳисоби занон, ҳунари волои тарроҳон бо либосҳои духтаи худ, маҳсули киштаи кишоварзон-сабзавотҳо, рақсу суруди гулдухтарон, дуторчинавозон ва суханони занон оиди фаъолияти худ буд, ки ба навор гирифта шуда, пешкаши тамошобинон гардид.
Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар мулоқоти намояндагони Вазорат ва Кумитаҳои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 24-уми майи соли равон дар ҷамоати шаҳраки Сомониён толори қасри фарҳанг, ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзода, Лоҳур ва Зайнабобод ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ, анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва таҷлили сазовори ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин дар бораи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ баргузор гардид, фаъолона иштирок намуда, масъалаҳое, ки вобаста ба самти шуъбаи кор бо занон ва оила гуфта шуданд, мавриди иҷро қарор дода шуд.
Мулоқоти намояндагони Вазорат ва Кумитаҳои назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида, муҳтаво ва моҳияти мавзуъ ба иштирокчиён ба таври соддаву равшан дарҷ карда шуд.
Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар назар дорад, ки дар оянда он пешниҳодҳое, ки аз ҷониби намояндагони дар боло зикргардида иброз гардиданд, барои пешрафти самти кор бо занон ва оила дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо фаъолзанон ва ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳиро ҳарчи бештар ба роҳ монад.
Дар саннаи 26-июни соли равон бо ифтихори рӯзи Ваҳдати миллӣ бо фаъолзанон, раисони шуроҳои занон, вакилон, кишоварзону соҳибкорон, занони хонашин ва дигарон вохуриҳо гузаронида, дар бораи ин ҷашни фархунда, тинҷию амонии кишвар, сулҳу субот, созандагию бунёдкориҳо, 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон суханрониҳо намуданд.
Дар санаи 18-июни соли 2021 даври якуми Фестивали ҷумҳуриявии «ҷилваи рангҳо» дар назди Китобхонаи марказии ноҳия баргузор гардид.Дар Фестивали мазкур аз 14 ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, муассисаҳои таълимӣ, боғчаҳои бачагона ва коллеҷҳои ноҳия зиёда аз 100 нафар занону духтарон кӯдакон ва ҷавонписарон аз рӯи 6 номинатсия иштирок намуда, намоиши либосҳои зебои аз атласу адрас, алочаву шоҳӣ, либосҳо барои персонажҳои афсонавӣ (халқи муосир) ва масхарабозоне, ки дар корвони шодиёна иштирок мекунанд (шабеҳи гулҳо, меваҳо, ҳайвончаҳо, занбуракҳо, шоҳпаракҳо, харгушакҳо) ва намоиши либосҳои маросимӣ ва идона, намоиши либосҳои расмӣ (протоколӣ), намоиши либоси арусии миллӣ ва муосир омезиши онҳо бо дигар матоъҳо духташуда буданд, пешкаши аъзои ҳакамон гардонида шуданд. Дар санаи 3 июли соли равон дар муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Аҳорун», даври ҷумҳуриявии Фестивали ҷумҳуриявии «ҷилваи рангҳо» баргузор гардид, ки ноҳияи Рӯдакӣ сазовори «Сипоснома» ва «ҷоиза бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардид.
Дар таърихи 4 июли соли 2021 дар Чойхонаи Истаравшани шаҳри Душанбе Фестивал озмуни ҷумҳуриявии «Хӯришхои миллӣ ва муосир» баргузор гардид, ки ҳамаи ноҳияи ҷумҳурӣ хӯришҳои тару тоза аз маҳсулотҳои ватании хешро ба намоиш гузоштанд. Мақсад аз баргузории ин Фестивал тайёр намудани духтарони ҷавон ба оилаву оиладорӣ, эҳё намудани ҳар гуна хӯришҳои миллӣ ва муосир мебошад.
Шуъбаи кор бо занон ва оила дар озмуни “Нон шудам шоистаи ҳар хон шудам”, рӯзи 8-августи соли равон, дар Боғи ирами шаҳри Душанбе бо як нафар зани ҳунарманд иштирок намуда, маҳсулотҳои нониро ба намоиши тамошобинон гузоштанд.
Шуъбаи кор бо занон ва оила, тибқи ҷадвали иҷрои бандҳои 5 ҷадвалҳои баргузории фестивал- намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020, №АП-1332 ва аз 30-декабри соли 2020 тасдиқ шудаанд, дар солонаи соли равон 18 чорабиниҳои фарҳангӣ гузарониданд, аз ҷумла;
«Дастархонороӣ», «Чакомаи гесӯ», «Сад ранги чакан», «Кадбонуи беҳтарин», «Атласу адрас», «ҷилваи рангҳо», «Хӯришҳои миллӣ ва муосир», «ҳунарҳои ороиши аз санг», фестивали заргарӣ «ҳунар омӯз…» ва ғайраҳо. Ин чорабиниҳоро дар сатҳи баланд гузаронида, сазовори чандин «Ифтихорнома», «Сипоснома», «ҷоиза» ва туҳфаҳо гардиданд.
Шуъбаи кор бо занон ва оила дар давоми соли 2021 оид ба ин масъалаи мубрами рӯз мусоидат дар татбиқи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», сӯҳбату вохуриҳо, мизи мудаввар, семинарҳо, конфиренсияҳо гузаронида ба падару модарон, ҷавонон, духтарон ва ҷомеа корҳои тарғиботию ташвиқоти ва фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд
25.08 2021 бо Амри Раиси ноҳия “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи корӣ ҷиҳати ташкил намудани сӯҳбату вохӯриҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия”.
Ҷадвалу баргузории суҳбату вохӯриҳо вобаста ба нақшаи кории якҷояи раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои соҳаи идеологӣ ҷиҳати пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ВНМО, бемории сироятии коронавирус, хушунат ва зӯровари дар оила, худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ, даст ба ҷиноят задани ноболиғон, нақзи ҳуқуқи кӯдак ва муқовимат бо коррупсия, инчунин таъмини иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар 14 ҷамоатҳо ва муассисаҳои таълимии ноҳия оиди ин мавзӯҳо гузаронида шуд.
Инчунин бо Амри Раиси ноҳия аз 11 октябри соли 2021, №82 ҷадвали вохӯриҳои гурӯҳҳои таблиғоти таъсис дода, дар муассисаҳои таълимии ҳудуди 14 ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, “Дар бораи идомадиҳии чораандешиҳо ҷиҳати пешгирии зуҳуроти номатлуб ва паҳншавии фарҳанги бегона”, бо мақсади таъмини таблиғи ғояҳои давлатӣ, тарбияи аҳли ҷомеа дар руҳияи эҳтироми фарҳангу арзишҳои миллӣ, зебоипарастӣ, ҳифзи ҷомеа ва ғояҳои ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб, таблиғи арзишҳои миллӣ, солимгардонии мафкураи донишҷуёну хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ақидаҳои бегона ва пешгирии либоспӯшию ороиши симои зоҳирии хилофи фарҳанги миллӣ, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», гузаронида шуд.
Бахшида ба рӯзи Президент 16-ноябр шуъбаи кор бо занон ва оила озмуни иншои беҳтарин миёни донишҷӯдухтарони коллеҷҳо дар мавзӯи “Мавқеи зан дар сиёсати Президент” гузаронида шуда, Муминова Идигул донишҷӯи коллеҷи техникӣ омӯзгорӣ ғолиби ҷои 1-ум гашт. ғолибони озмун бо Ифтихорномаи Раиси ноҳия сарфароз гаштанд.
Дар таърихи 6.11.2021 дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии “Қанноди ва ҳавлопазӣ”-ро дар сатҳи баланд гузаролнида, соҳиби Сипоснома гардиданд.
Рузи 19-уми декабри соли 2021 дар Чойхонаи “Истаравшан”-и шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии озмуни “Шириниҳои десертӣ” аз тарафи Иттифоқи Тоҷикматлуботи ҷумҳурӣ шуда гузашт. Дар ин озмун занони ҳунарманди ноҳияяи Рӯдакӣ иштирок намуда ссоҳиби Диплом гаштанд.
Нақшаи шуъбаи кор бо занон ва оила оид ба амалисозии «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат ва зӯроварӣ» аз 8 банд иборат буда, 24 ноябри соли 2021 тасдик карда шуд. Шуъбаи кор бо занон ва оила якҷоя бо ташкилоти ҷамъиятии «Мумтоз» аз рӯи бандҳои нақша дар миёни аҳолӣ, толибилмони муассисаҳои таълимӣ, коллективҳои меҳнатии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Сомониён, Зайнабобод, Роҳатӣ, Гулистон,Сарикиштӣ, коллечҳои техникию омӯзгорӣ ва фарҳангӣ байни омӯзгорону донишҷӯён семинар машварат дар мавзӯи «Нест бод зӯроварӣ», аксияҳои тарғиботӣ, саҳначаҳои тарбиявӣ, намоиши театр форум ва видиороликҳои иҷтимоӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила гузаронида шуд. Дар таърихи 10 декабри соли равон бошад, форуми ноҳияви зери унвони «Фарҳанги оиладорӣ» вохурии се насл, ҷамъбасти маъракаи «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат ва зӯроварӣ» дар қасри фарҳанги ноҳия баргузор гардид, ки муовинони раисони ҷамоатҳо, раисони шурои занон, фаъолзанон, занони собиқадор, кормандони корхонаю ташкилотҳо, оилаҳои намунавӣ, донишҷӯён иштирок намуданд ба навор гирифта, дар оинаи нилгун пахш карда шуд.
Аз 1 декабри соли 2021, № 102 бо Амри Раиси ноҳия дар бораи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, яъне тероризм-экстримизм гурӯҳҳои кори таъсис дода шуд, ки дар 14 ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия байни аҳолӣ, имомхатибон. фаъолон, омузгорон, хонандагон сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд. Мудир ва кормандони шуъбаи кор бо занон ва оила дар ин вохӯриҳо оид ба ҳамаи масъалаҳои занон ва дар бораи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», фарогирии ҳатмии таҳсили духтарон дар муассисаҳои таълими синфҳои 10-11гуфта гузаштанд.
Шуъбаи кор бо занон ва оила якҷоя бо дигар раёсату шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ аз ҷумла ШВКД 1,2, 84 маротиба бо иштироки 6000 дар ҷамоатҳо, 40 муассисаҳои таълимӣ бо иштироки 4800 хонандагони синфҳои 9—11 ва роҳбарони синфҳои болоӣ сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд
Шумораи умумии аҳолӣ 386000 нафар буда, аз ин 191,7 нафарашон занҳо мебошанд, беш аз 134.3 ҳазор нафари онҳо дар деҳот зиндагӣ мекунанд. 49,6 % занони ноҳия қобили меҳнатанд. Дар соҳаи маориф 2880 нафар, тандурустӣ 1212 нафар, фарҳанг 83 нафар ва занони соҳибкор 3741 нафар, роҳбарони хоҷаги деҳқонӣ 517 нафарро ташкил медиҳанд.
Холо иштироки бонувони ноҳия дар корҳои давлатдорӣ, идораи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт дар дараҷаи зарурӣ қарор дорад.
Аз 1 нафар мудири шуъба, 1 нафар мудири бахш, 1 нафар Раиси собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия, 3 нафар Раиси ҷамоат, 8 нафар муовинони раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва 1 нафар роҳбарони муассисаҳои тиббӣ, 2 нафар сарварони мактаб – парваришгоҳҳои ҷумҳуриявӣ, 7 нафар роҳбарони муассисаҳои томактабӣ, 39 нафар директорони МТМУ аз ҳисоби занон мебошанд. ҷамъ 267 нафар занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият карда истодаанд.
Аз 40 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 11 нафар зан, яъне 27.5 % ва аз 375 нафар вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 82 нафар зан. Яъне 4,6 % мебошанд.
Саҳифаи 3 аз 3