МОДАР - САРЧАШМАИ МЕҲРУ ҲАЁТ

Рӯзи 7-уми марти соли 2024 ба муносибати Рӯзи Модар дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ чорабинии тантанавӣ баргузор шуд. Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода, намояндагони сохторҳои давлатӣ, собиқадорон, занону модарони фаъоли ноҳия ва ҷавондухтарон ширкат варзиданд.

Дар оғози чорабинӣ иштирокчиён намоишгоҳи осори санъату адабиёт ва ҳунарҳои мардумиро, ки занону модарони чирадасти ноҳия дар саҳни Қасри фарҳанг ороста буданд, тамошо карданд.

Сипас, дар толори Қасри фарҳанг бо садо додани Суруди миллӣ чорабирии идона шуруъ шуд. Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода зимни сухани табрикӣ тамоми модарону бонувони ноҳияро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрику муборакбод гуфта, ба онҳо саломативу сарбаландӣ таманно кард. Гуфта шуд, ки таҷлили Рӯзи Модар, ки ҳамасола ба санаи 8-уми март рост меояд, басо рамзист, зеро ин ҷашни муқаддас аз бедориву эҳёи табиат, оғози фасли зебоиофари баҳор ва фаро расидани Наврӯзи хуҷастапай мужда мерасонад.

Зикр шуд, ки имрӯзҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ вобаста ба баланд бардоштани мақому манзалати занон «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030» ва Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар ноҳияи Рӯдакӣ барои солҳои 2021-2030 бомуваффақона амалӣ гардида истодаанд.

Дар ноҳияи Рӯдакӣ теъдоди занону духтарони соҳибмаълумот сол ба сол зиёд гардида, онҳо дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия кору фаъолият доранд. Аз ҷумла, дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 18 нафар зан фаъолият менамояд, ки аз онҳо 2 нафар занони роҳбарикунанда мебошанд. Дар соҳаи маориф 4027 нафар (64 нафар роҳбар), соҳаи тандурустӣ 1172 нафар (27 нафар роҳбар), соҳаи фарҳанг 80 нафар (5 нафар роҳбар) кору фаъолият доранд.

Шумораи занони роҳбари хоҷагиҳои деҳқонӣ 517 нафарро ташкил медиҳанд. Шумораи соҳибкорон аз ҳисоби занон 3741 нафар мебошад. Шумораи намояндагони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳисоби занон 11 нафар ва вакилони ҷамоати деҳот бошад 82 нафар аз ҳисоби занон мебошанд. Ҳамзамон, 410 нафар занону духтарони хонанишин низ ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд, ки саҳми онҳо низ дар пешрафти ҳаёти ҷомеа назаррас аст.

Пас аз сухани табрикӣ раиси ноҳия ба як қатор занону модарони фаъол барои саҳми арзандаашон дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакиро тақдим кард. Ҳамчунин, аз ҷониби раиси ноҳия ба ғолибони мусобиқаи волейбол ва шоҳмот, ки миёни духтарону бонувони ноҳия баргузору ҷамъбаст гардида буд, туҳфаҳои пулӣ супорид.

Дар хотимаи чорабинии тантанавии Рӯзи Модар аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия баҳри болидаруҳии иштирокчиён барномаи рангини консертии иборат аз таронаву сурудҳои марғуб пешкаш шуд.

 

 

 

       Бо мақсади тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ, анъанаҳои неки ниёгон, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик, тарғиби либоси миллӣ, баланд бардоштани мақоми нақшу нигор, сӯзанидӯзиву гулдӯзии матоъҳои миллӣ ва намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандони ватанӣ дар ҷумҳурӣ даври ноҳиявии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор шуда истодааст.
         Дар доираи ин чорабинӣ 10 майи соли равон мутобиқи Амри раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз 29 апрели соли 2022, таҳти №44 бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия даври ноҳиявии фестивали «Сад ранги чакан» баргузор гардид.
       Дар фестивал муовини раиси ноҳия Муҳаммадшариф Бобошоҳзода, мудири шуъбаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Муҳаммадӣ Салимзода, мудирони шуъбаи кор бо занон ва оила Муслима Саидмуродова, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Сатторӣ, бахши САҲШ дар ноҳия Зебонисо Расулзода, бахши фарҳанг Хайриддин Ҷалолзода, директори Коллеҷи техникӣ-омӯзгории ноҳия Гулхумор Ҳусейнзода, чакандӯзону ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, донишҷӯёни коллеҷҳо, хонандагони муассисаҳои таълимӣ, таълимгирандагони кӯдакистонҳо ва дигарон иштирок намуданд.
         Дар фарҷом чакандӯзони беҳтарин ва ҳунармандони фаъол бо пешниҳоди ҳайати комиссия аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
  
 
           Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 15 май-Рӯзи оила таҷлил карда мешавад. Зеро оила ячейкаи асосии ҷамъият ва институти аввалини рушду камоли инсон маҳсуб ёфта, солимии ҷомеа аз солимии оила маншаъ мегирад. Ба ҳамин хотир 13 май дар толори Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбони ноҳия бо иштироки муовини раиси ноҳия Муҳаммадшариф Бобошоҳзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Муҳаммадӣ Салим, мудири шуъбаи кор бо занон ва оила Муслима Саидмуродова, мудири бахши САҲШ-и ноҳия Зебонисо Расулзода, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии "Насими айём" Рухшона Шобудинова, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Абдулло Сатторӣ, навхонадорон, оилаҳои намунавӣ ва дигарон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
         Муовини раиси ноҳия Муҳаммадшариф Бобошоҳзода дар оғози чорабинӣ сухани ифтитоҳӣ намуда, нақши оиларо дар рушди ҷомеа ва устувории он аввалиндараҷа арзёбӣ кард.
     Сипас мудири бахши САҲШ Зебонисо Расулзода бо маърӯзаи пурмӯҳтаво баромад намуда, ҳамагонро ба дӯстдориву муҳаббат дар оила даъват кард ва зикр намуд, ки пойдорӣ ва устувории оиларо муҳаббат ташкил медиҳад, зеро танҳо муҳаббати самимӣ метавонад оиларо мустаҳкам ва ҳама мушкилоти ба вуҷуд омадаро рафъ созад.
       Дар идома зери оҳанги мутантан 10 ҷуфт навхонадорон ба саҳна даъват гардиданд ва аз тарафи бахши САҲШ-и ноҳия ба онҳо шаҳодатномаи ақди никоҳ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Инчунин ба 20 нафар кӯдакони навзод шаҳодатномаи таваллуд ва туҳфаҳо супорида, баробари оилаҳои намунавӣ собиқадорон низ барои рӯзгори обод, тарбияи дурусти фарзандон ва ибрати дигарон будан, бо гулдастаҳо ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
      Ҳамзамон барои саҳми арзанда ва хизмати содиқона дар амалисозии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти кор бо оила ва бахшида ба Рӯзи оила ба котибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва намояндагони як қатор соҳаҳо Сипоснома супорида шуд.
        Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ дар мавзӯи оиладорӣ саҳначаи ҳаҷвӣ пешкаши ҳозирин гардид ва ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо иштироки сарояндагони машҳури кишвар Файзигул Юсупова ва Бахтиёр Иброҳимов хотири ҳамагонро болида намуданд.