Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ низ иштирок доштанд ва бо «Сипоснома»-и Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

     Фестивал аз рӯи 10 номинатсия: «гулпарвари беҳтарин», «гулгашт ва хиёбон», «боғҳои фарҳангию фароғатӣ», «деҳаи беҳтарин», «маҳаллаи беҳтарин», «деҳоти беҳтарин», «шаҳраки беҳтарин», «ноҳияи беҳтарин» ва «вилояти беҳтарин» баргузор гардид.

      Дар ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода иброз дошт, ки фестивал тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ гузаронида шуда, ҳадаф аз он вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат ва маърифати экологӣ, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ мебошад.

      Ҳадаф аз баргузории Фестивали «Сайри гули лола» эҳёи анъанаҳои ниёгон дар самти эҳтиром нисбат ба зебоӣ, ободонӣ ва хуррамгардонии муҳити атроф, бедор намудани муҳаббати аҳолӣ ба гулпарварӣ, ҳифзи мероси табиӣ, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят, ҷумҳурӣ ва дар ин замина ҷалби сайёҳону рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат мебошад.

     Тибқи иттилои таърихшиносон, нақши гули лола дар қадимтарин осори бостонӣ ба назар мерасад. Қадимӣ будани нақши лола дар мӯҳрҳои сангӣ ва биринҷие, ки сабт шудаанд, беш аз 20 аср пеш аз мелодро ташкил медиҳад. Дар асрҳои 3-5 мелодӣ нақши гули лола дар зарфҳои нуқрагин ва муҳрҳо бо се гулбарг ба тасвир кашида шудааст.

    Ёдовар мешавем, ки Фестивали гулҳо- «Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҳаштум аст, ки дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» бо туҳфаҳои хотиравии Кумитаи рушди маҳал сарфароз гардонида мешаванд.

 

ИДОМАИ ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ДЕҲАИ ШӮРЧАШМАИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРГУЛТЕППА

     18-уми апрели соли 2026 дар деҳаи Шӯрчашмаи Ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷиҳати иҷрои Нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ оид ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ, чорабинии тантанавӣ бо нишон додани расму оинҳо ва бозиҳои миллӣ баргузор гардид.

     Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳия Исмоилзода Заррина, муовини раиси Ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳия, намояндагони мақомот ва сохторҳои ноҳия, директори муассисаи таълимии маҳалла, раисони маҳаллаҳо ва сокинони деҳаҳои ҷамоати деҳоти Чоргултеппа иштирок намуданд. Дар чорабинӣ бозии миллии тоҷикон Гӯштини миллӣ миёни мардон ва миёни занону духтарон анъанаҳои миллӣ аз қабили тайёр намудани хӯрокҳои миллии маҳаллӣ бо барномаи фарҳангӣ сурат гирифт. Ҳамзамон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ хатнасури 10 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманди Ҷамоати деҳоти Чоргултеппа гузаронида шуд. Боиси қайд аст, ки чорабиниҳои бахшида ба ҷашнҳои миллию таърихӣ боис мегардад, ки мардуми сарбаланди тоҷик бори дигар анъанаҳои миллии худро пос дошта, ҷавонону наврасон аз фарҳанги баланди ниёгони хеш огаҳ бошанд.

     Махсусан дар ободу зебо намудани ҳар гӯшаи диёри худ, сохтани пулҳо, гузаронидани об, дастгирии ниёзмандон, тарзи либоспӯшии миллӣ, меҳмоннавозӣ, омода намудани хӯрокҳои миллӣ ва бозиҳои миллии тоҷикона нишонаи дарки масъулияти баландӣ шаҳрвандии мардуми тоҷикро нишон медиҳад.

16-уми марти соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо ибтикори бахши рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии МИҲД-и ноҳия Конференсия таҳти унвони «Наврӯзи байналмилалӣ – меҳвари алоқаҳои фарҳангӣ ва сайёҳӣ» баргузор гардид.
Дар кори конференсия муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Зарина Исмоилзода, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроия, намояндагони муассисаҳои таълимӣ, фаъолони соҳаи фарҳанг, сайёҳӣ ва дигар иштирокчиён ширкат варзиданд.
Пеш аз оғози қисми асосии чорабинӣ хатсайри сайёҳӣ ташкил гардида, иштирокчиён ба Осорхонаи кишваршиносии ба номи Абдукарим Қурбонови ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварда, бо таъриху фарҳанги ғании ноҳия аз наздик шинос гардиданд.
Конференсия бо сухани ифтитоҳии мудири бахши рушди сайёҳӣ ва ҳунармандии МИҲД ноҳия Фирӯза Ҳасанова оғоз ёфт. Мавсуф дар бораи аҳаммияти байналмилалии ҷашни Наврӯз ва нақши он дар муаррифии фарҳанг, таърих ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Сипас, муовини раиси ноҳия Зарина Исмоилзода иштирокчиёнро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик гуфта, таъкид кард, ки бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Наврӯз ба яке аз ҷашнҳои муҳимми байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Дар идомаи Конференсия навори видеоӣ оид ба имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имкониятҳои сайёҳию ҳунармандии ноҳияи Рӯдакӣ намоиш дода шуд.
Ҳамчунин, мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Муҳибулло Ҳайбаров доир ба имкониятҳои ҷалби сармоя ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ суханронӣ намуд.
Муовини директор оид ба таълимии Гимназияи тоҷикӣ-русии ба номи А. С. Пушкин Фарангис Саидова дар мавзуи «Ҷаҳонишавии Наврӯз» маърӯза пешниҳод кард.
Инчунин, муовини директор оид ба таълимии Гимназия-парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафуров Салимова Хайриниссо дар мавзуи «Наврӯз дар Тоҷикистон» суханронӣ намуд.
Зикр гардид, ки Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон ҳамчун ҷашнҳои бостонӣ метавонанд барои муаррифии таърих, фарҳанг, урфу одат ва имкониятҳои сайёҳии кишвар хизмат намуда, ба рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат намоянд.
Иштирокчиён ҳамчунин таъкид карданд, ки ноҳияи Рӯдакӣ бо назардошти мавқеи ҷуғрофии худ ва наздикӣ ба пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе дорои имкониятҳои васеи сайёҳӣ мебошад ва рушди ин соҳа метавонад ба пешрафти иқтисоди ноҳия мусоидат намояд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба як қатор иштирокчиёни фаъол Сипосномаҳо тақдим гардид.