Рӯзи 28- уми феврали соли 2026 иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ муҳтарам Салимзода Нусратулло бо мақсади шиносоӣ аз мавзеи сайёҳии "Мағмуруд" дидан намуд.
Мавриди зикр аст, ки мавзеи сайёҳии «Мағмуруд» дар 23 километрӣ аз маркази ноҳия, дар деҳаи Мағмуруди Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ ҷойгир буда, соли 1989 ҳамчун мавзеи таърихӣ ба қайд гирифта шудааст. Мавзеи мазкур хусусияти таърихию фарҳангӣ ва маданӣ дошта, дар иҳотаи кӯҳҳои зебоманзари деҳоти Роҳатӣ ҷойгир аст.
Аз рӯйи нақли ровиён ва калонсолони деҳа, ҳангоми тохтутози муғулҳо ва забти Мовароуннаҳру Хуросон, яке аз хонҳои муғул дар ҷои масҷиди ҳозира маскан мегирад.
Аз зулму шиканҷаи хони муғул мардум ба дод омада, ӯро ба қатл мерасонанд ва сарбозони муғул дар навбати худ нафарони гумонбарро месӯзонанду деҳаро вайрону валангор мекунанд. Мардуми кушташуда дар ҳамин ҷо ба хок супорида мешаванд. Аз ҳамон вақт гӯё деҳа номи “Муғулмурд”-ро гирифтааст...
Аммо, дар ҳамин радиф аз нигоҳи илмии забоншиносӣ Мағмуруд аз таркиби калимаҳои «Мағ» ё худ «Муғ» - баландӣ ва «Рӯд» - дарёча гирифта шуда, маънои «Баландрӯд» - ро дорад, ки воқеан ҳам, мавқеи ҷуғрофии маҳал ба ин далолат мекунад.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ муҳтарам Салимзода Нусратулло қайд кард, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои стратегӣ ва рушдёбанда дар иқтисодиёти ҷаҳон ва ҳар як кишвар ба ҳисоб меравад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобатпазирии иқтисодӣ, рушди сайёҳӣ на танҳо барои таъмини даромад ва ҷойҳои корӣ муҳим аст, балки ҳамчун воситаи муаррифии фарҳанг, таърих ва имкониятҳои иқтисодии кишвар низ хизмат мекунад, ки мавзеи сайёҳии "Мағмуруд" низ истисно нест.
Бо рушди соҳаи сайёҳӣ, давлат метавонад обрӯ ва нуфузи байналмилалиашро баланд бардорад, ҷалби сайёҳон ва сармоягузоронро таъмин намояд ва тавассути ин раванд захираҳои молиявӣ, технологияҳо ва малакаҳои инсонӣ афзоиш ёбанд.