16-уми марти соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо ибтикори бахши рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии МИҲД-и ноҳия Конференсия таҳти унвони «Наврӯзи байналмилалӣ – меҳвари алоқаҳои фарҳангӣ ва сайёҳӣ» баргузор гардид.
Дар кори конференсия муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Зарина Исмоилзода, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроия, намояндагони муассисаҳои таълимӣ, фаъолони соҳаи фарҳанг, сайёҳӣ ва дигар иштирокчиён ширкат варзиданд.
Пеш аз оғози қисми асосии чорабинӣ хатсайри сайёҳӣ ташкил гардида, иштирокчиён ба Осорхонаи кишваршиносии ба номи Абдукарим Қурбонови ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварда, бо таъриху фарҳанги ғании ноҳия аз наздик шинос гардиданд.
Конференсия бо сухани ифтитоҳии мудири бахши рушди сайёҳӣ ва ҳунармандии МИҲД ноҳия Фирӯза Ҳасанова оғоз ёфт. Мавсуф дар бораи аҳаммияти байналмилалии ҷашни Наврӯз ва нақши он дар муаррифии фарҳанг, таърих ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Сипас, муовини раиси ноҳия Зарина Исмоилзода иштирокчиёнро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик гуфта, таъкид кард, ки бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Наврӯз ба яке аз ҷашнҳои муҳимми байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Дар идомаи Конференсия навори видеоӣ оид ба имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имкониятҳои сайёҳию ҳунармандии ноҳияи Рӯдакӣ намоиш дода шуд.
Ҳамчунин, мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Муҳибулло Ҳайбаров доир ба имкониятҳои ҷалби сармоя ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ суханронӣ намуд.
Муовини директор оид ба таълимии Гимназияи тоҷикӣ-русии ба номи А. С. Пушкин Фарангис Саидова дар мавзуи «Ҷаҳонишавии Наврӯз» маърӯза пешниҳод кард.
Инчунин, муовини директор оид ба таълимии Гимназия-парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафуров Салимова Хайриниссо дар мавзуи «Наврӯз дар Тоҷикистон» суханронӣ намуд.
Зикр гардид, ки Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон ҳамчун ҷашнҳои бостонӣ метавонанд барои муаррифии таърих, фарҳанг, урфу одат ва имкониятҳои сайёҳии кишвар хизмат намуда, ба рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат намоянд.
Иштирокчиён ҳамчунин таъкид карданд, ки ноҳияи Рӯдакӣ бо назардошти мавқеи ҷуғрофии худ ва наздикӣ ба пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе дорои имкониятҳои васеи сайёҳӣ мебошад ва рушди ин соҳа метавонад ба пешрафти иқтисоди ноҳия мусоидат намояд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба як қатор иштирокчиёни фаъол Сипосномаҳо тақдим гардид.

