Ҳифз, тармими ёдгориҳои мероси фарҳангӣ-таърихӣ ва идомаи пайвастаи пажӯҳишҳои таърихӣ, бостоншиносӣ, биологию зоологӣ ҷиҳати бозёфтҳои тоза дар самтҳои мероси таърихӣ-фарҳангӣ ва табиӣ шароити мусоиди пешгирии раванди харобшавии ин боигарии миллии мамлакат мебошад. Азхудкунии мероси таърихӣ-фарҳангӣ ва табиӣ омили беҳдошти маънавиёт буда, дар акси ҳол фарҳанги ғайр метавонад фазои онро тира созад.