- Диданд: 9
«Ёддоштҳо»-и донишманди бузург, сиёсатмадори варзида С.Ятимов имрӯз китоби саридастии аҳли дониш гаштааст ва хушбахтона, дар саҳифаҳои фейсбукӣ ҳам намунаҳои он ҷой дода мешаванд, ки хеле хонданбобанд.
Ба қариби ёддоште аз вохӯрии муаллифи китоб бо як шахси хеле самимиву паҳлавони номии ноҳияи Рӯшон – Девлохпаҳлавон дар саҳифаи фейсбукӣ хондам, ки бо истеъдоди хосаи нависандагӣ рӯйи коғаз оварда шудааст. Бо забони хеле соддаву зебо, тасвирҳои хеле аҷоиб ва мақсади хеле наҷиберо ба қалам додааст.
Ду марди ҷавону тануманду паҳлавон, ду соҳибномуси миллат Девлохи Рӯшонӣ ва Сафари Кӯлобӣ пас аз рақобати байниҳамӣ ва ҷангу ҷидолҳои ҷавонони солҳои 70-80-уми асри гузашта ба хотири амну амонии дигарон дасти дӯстӣ ба ҳам доданд, ки аз мардонагиии онҳо шаҳодат медиҳад ва муаллиф қайд мекунад:
“Бо ҳамин Девлох бо Сафар оштӣ мекунанд. Ҷӯра мешаванд. Баъди ин рақобати эҳсосотии бачаҳои кӯҳистон барҳам мехӯрад.”
Ана ҳамин навиштаи муаллиф хеле асос аст. Мақсад аз овардани ин воқеаи реалӣ бахшида тавонистан аст, ки муаллиф онро хеле олиҷанобона ба қалам додааст. Зеро дар хуни мардуми тоҷик мафҳуми “бахшидан” абадан ҷой дорад. Бахшидан худ як ҷавонмардист, ки на ҳар кас метавонад, рақиби худро бахшад. Бахшиш бошад роҳи асосии ҳалли муноқишаву низост. Ҳамин аст мардонагиву мардӣ.
Мамадалӣ Бахтиёров - сокини ноҳияи Рӯшон
- Диданд: 50
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо мақсади таҷлили сазовори Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар тамоми деҳаву маҳалла ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия чорабиниҳои идона ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор гардида истодааст.
Аз он ҷумла, санаи 13-уми апрели соли ҷорӣ дар деҳаи Боғаки Ҷамоати деҳоти Эсанбой Наврӯзи байналмилалӣ бо баргузории чорабинии тантанавӣ ва мусобиқаи гуштингирӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.
Дар чорабинии идонаи Наврӯзи раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода ширкат варзида, сокинони деҳот ва иштирокчиёни мусобиқаи варзиширо ба муносибати Наврӯзи хуҷастапай шодбош гуфтанд. Дар ин лаҳзаҳои хурсандиовар, ки ҷашни байналмилалии Наврӯз идома дошт, сокинони ин ҷамоати дурдасти ноҳия миннатдории хешро оид ба доир гардидани чунин ҷашни бошукӯҳ изҳори сипос намуданд.
Дар мусобиқаи гуштингирӣ паҳлавонон аз тамоми гӯшаву канори кишвар ширкат варзида, ҳунару маҳорати варзишии хешро нишон доданд.
- Диданд: 56
Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ гурӯҳи кории иборат аз намояндагони сохторҳои дахлдор дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо сокинон бо усули «Деҳа ба деҳа» ва «Маҳалла ба маҳалла» вохӯриҳо баргузор намуда истодаанд.
Дар ин асос имрӯз, 16-уми апрел гурӯҳҳои корӣ дар ҳайати муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Неъматулло Давлатзода, намояндагони бахши дин, танзими ҷашну маросим, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва роҳбарияти ҷамоати деҳот дар деҳаҳои Тезгари боло, Тезгари поён, Зартеппа, Шаҳристон ва Майсазори Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳия бо сокинону фаъолон вохӯриҳо доир карданд.
Дар рафти баргузории суҳбату вохӯриҳо ҳайати гурӯҳҳои корӣ мавзуъҳои мубрами рӯз, аз ҷумла, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ, ҷалби ҷавонон ба корҳои ободониву созандагӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии шаҳрвандон, ташаккули маърифат, ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳии миллӣ дар ҷомеа, тарғиби фарҳанги миллӣ ва мубориза бо таҳоҷуми фарҳангиву идеологӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, пешгирии аз таҳсил дур мондани фарзандон, риояи талаботи қонунгузории кишвар ва дигар масъалаҳои мавриди назарро матраҳ карданд.
Дар ҷараёни вохӯриҳо аз ҷониби сокинону фаъолон низ оид ба ҳалли масъалаҳои мубрами рӯз таклифу пешниҳодҳо ироа гардид.
Саҳифаи 1 аз 73

