ТАҶЛИЛИ ТАНТАНАВИИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оила ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардида, давлат ва Ҳукумат ҷиҳати иҷрои муқаррароту уҳдадориҳои хеш дар самти танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ, таъмини зиндагии шоиста ва муҳайё кардани шароити созгори иҷтимоӣ барои оилаҳои ҷавон пайваста талош меварзад. Дар радифи таҷлил аз Рӯзи байналмилалии оила дар шаҳру навоҳии мамлакат конфронсу ҳамоишҳо ва чорабиниҳои сатҳи гуногун гузаронида шуда, масъалаҳои марбути оила, ҳаёти хонаводагӣ, тарбияи фарзандон ва ғайра мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Ба истиқболи Рӯзи байналмилалии оила рӯзи 13-уми майи соли 2024 бо ташаббуси бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар толори Қасри фарҳанги ноҳия ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
Муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадшариф Бобошоҳзода бо сухани ифтитоҳӣ ба ҷамъомад ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила табрик намуд. Зикр гардид, ки гиромӣ доштани оила ҷузъи муҳимми фарҳанги волои мардуми мо ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки баҳри пойдории оила, тақвияти мақоми оила ҳамчун ниҳоди муқаддас ва пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон саъю кӯшиш намоем.
Дар идома, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия Зебониссо Расулзода оид ба мавзуъҳои ҳуқуқу уҳдадориҳо, муносибат, вазифа ва рисолати оила дар ҷомеа суханронӣ намуд. Ӯ зикр кард, ки дар таълиму тарбияи насли наврас, пеш аз ҳама, падару модар саҳми аввалиндараҷа доранд. Волидонро мебояд, ки барои ташаккули ҷомеаи солим ба таълиму тарбияи фарзанд ва таъмини фазои созгори оилавӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.
Дар ҷараëни ҷамъомад ба чор ҷуфт навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ тақдим гардида, ҳамзамон ба волидони ҳашт нафар тифлакони навзод шаҳодатномаи таваллуд дода шуд.
Инчунин, аз ҷониби бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия се оилаи намунавӣ муайян ва бо Ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Ҷойи аввал ба оилаи Султоновҳо аз ҷамоати деҳоти Чоргултеппа дода шуд. Аз ин оилаи намунавӣ чор нафар дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хизмат намудааст. Ҷойи дуюмро ба оилаи Шариповҳо аз ҷамоати деҳоти Роҳатӣ доданд. Ҷойи сеюм ба оилаи Алиевҳо аз ҷамоати деҳоти Гулистон, ки се нафар фарзандашон хизмати Модар-Ватанро адо кардаанд, сазовор дониста шуд.
Бояд қайд намуд, барои муайян намудани оилаи намунавӣ дар сатҳи ҷамоатҳо низ озмун баргузор гардида буд. Оилаҳои намунавӣ аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, аз ҷумла, оилаи Азизовҳо аз ҷамоати шаҳраки Сомониён, оилаи Алибековҳо аз ҷамоати деҳоти Зайнабобод ва дигар оилаҳои намунавӣ, ки дар сатҳи ҷамоат ғолиб гардида буданд, дар чорабинӣ ширкат варзиданд.
Дар хотимаи ҷамъомад аз ҷониби сарояндаи ҷавону умедбахш Вайсиддини Шариф ва ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия базми савту суруд ва барномаи рангини консертӣ манзури иштирокдорон гардид.