Рӯзи 27-уми августи соли 2024 раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода, муовини раиси Кумита Умеда Абдуллозода, раиси собиқадорони ҲХДТ Руқия Атоева ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.
Меҳмононро дар даромадгоҳи ноҳия занону бонувони фаъол бо тантана ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ зери унвони "Тоҷикона мепӯшем" истиқбол гирифтанд.
Меҳмонон, сараввал, аз Корхонаи воҳиди давлатии "Чевар" мансуб ба соҳибкори ватанӣ Р. Сафарова, ки дар тӯли ду соли фаъолияти хеш ба истеҳсоли либосҳои ягонаи мактабӣ 25 нафар кормандонро ҳамчун дӯзандаи либосҳо ба кор ҷалб намудааст, шинос гардида, баҳри тақвият бахшидани рушди соҳибкорӣ дар самти занон маслиҳатҳои муфид доданд.
Дар идомаи боздид меҳмонон бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва сару либосҳои миллии тоҷикона аз наздик ошноӣ пайдо намуда, ба ташкилкунандагон баҳои баланд доданд. Ҳамчунин, баҳри аз нав эҳë ва пос доштани ҳунарҳои мардумии занони меҳнатқарини ноҳия изҳори таҳсин хонданд.
Сипас, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода ва кормандони масъули соҳавӣ ҷаласаи сайëри Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласа раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода аҳли толорро ба муносибати ҷашни бошукӯҳи 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.
Сипас, дар масъалаҳои пешгирии хушунат дар оила, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни наврасон, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миëни ҷавонон, инчунин, дар мавриди ҷудошавии оилаҳои навбунëд ва масъалаи самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ ибрози андеша намуданд.
Дар хотимаи ҷаласа ба соҳаҳои дахлдор баҳри пешгирии ҳама гуна амалҳои номатлуб миёни ҷавондухтарон супоришҳои дахлдор дода шуда, тақвият ёфтани ҳамкориҳо миëни соҳаҳо вазифагузорӣ гардид.