РУШДИ ҲУНАРМАНДӢ - ОМИЛИ ПЕШРАФТ
Дар идомаи силсилавохӯриҳо бо намояндагони касбу кори гуногун рӯзи 27-уми феврали соли 2024 раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода бо ҳунармандони ноҳия вохӯрӣ баргузор намуд.
Дар вохӯрӣ, ки дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия доир шуд, муовинони раис, роҳбарони сохторҳои дахлдори мақомоти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ҳунармандон иштирок карданд.
Дар рафти суҳбат раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода оид ба ҳунару ҳунармандӣ, таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳа, пешбинӣ намудани имтиёзҳо ва ҷудо кардани грантҳо ба ҳунармандон ва дигар мавзуъҳои мавриди назар ёдоварӣ кард. Ба сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҷалби аҳолӣ ба ҳунармандӣ, ҳавасмандгардонӣ, фароҳам овардани шароити мусоид, ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва баргузории чорабиниҳои фарҳангиву ҳунарӣ чораандешӣ намоянд.
Қайд гардид, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат оид ба амалисозии барномаву нақшаҳои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ ва заргарӣ, инчунин, касбу ҳунаромӯзии шаҳрвандон, ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, ҳифзи табиат ва истифодаи самараноки заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ таваҷҷуҳ гардид. Пешвои миллат дар Паём дастур доданд, ки барои иҷрои амалии нақшаву барномаҳо, инчунин, назорати ташкили фаъолияти маҳаллу растаҳо ва гӯшаҳои ҳунармандӣ дар тамоми қаламрави мамлакат, аз ҷумла дар ҳамаи мағозаву бозорҳо ба роҳ мондани фурӯши маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, хусусан, маҳсулоту маснуоти ҳунарҳои мардумӣ аз ҳисоби мақомоти босалоҳият гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад.
Гуфта шуд, ки қабули Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 2024, №73 "Дар бораи таъсиси гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026" ва дар асоси он ҷудо гардидани 60 грант бо маблағи умумии 1 500 000 сомонӣ гувоҳи возеҳи таваҷҷуҳи давлат ба рушди ҳунармандӣ дар кишвар маҳсуб меёбад.
Дар ин радиф, аз ҳунармандон даъват ба амал оварда шуд, ки дар посух ба таваҷҷуҳ ва дастгириҳои давлатӣ бо фаъолияти назарраси хеш дар рушду инкишофи ҳунару ҳунармандӣ дар ноҳия мусоидат намоянд.