30 июни соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ таҳти раёсати раиси ноҳия Исматзода А.У. Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарияти ноҳия, вакилони халқӣ, роҳбарони идораву сохторҳои ҳудуди ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
              Пас аз интихоби котибот рӯзномаи Иҷлосияи навбатӣ аз рӯйи шаш масъала тасдиқ карда шуд.
      Мувофиқи масъалаи якуми рӯзномаи Иҷлосия ахбороти раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ Пирзода А.А. дар бораи ворид намудани тағйирот ба ҳайати Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия шунида шуд. Тибқи он ба ҳайати Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, варзиш, кор бо занону ҷавонон ва муносибатҳои миллӣ ва Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист тағйирот ворид гардида, собиқ вакилони ноҳия Ширинзода Н.А. ва Бобохонов Н.Ш. бинобар сабаби пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколаташон аз ҳайати Комиссияҳои болозикр хориҷ ва вакилони навинтихобшуда Одилов Т.Ҳ. ва Исмоилов К.С. мутаносибан ба аъзогии Комиссияҳои доимии зикршуда шомил карда шуданд.
        Тибқи масъалаи дуюми рӯзномаи Иҷлосия масъалаи ҷараёни татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар робита ба он, ҳисоботи муовини раиси ноҳия Бобошоҳзода М. шунида шуд.
          Зимни баррасии масъалаи сеюми рӯзномаи Иҷлосия вакили халқӣ Ибрагимова Г. ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, варзиш, кор бо занону ҷавонон ва муносибати байни миллатҳоро доир ба фаъолияти Комиссия дар давраи ҳисоботӣ ба вакилон пешниҳод намуд.
       Тибқи масъалаи чоруми рӯзномаи Иҷлосия вакилон қарори дахлдорро дар бораи ворид намудани тағйирот ба нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 қабул намуданд.
         Вобаста ба масъалаҳои панҷум ва шашуми рӯзномаи Иҷлосия масъалаҳои тағйироти кадрӣ ва тасдиқи як қатор қарорҳои раиси ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар давраи байни Иҷлосияҳои дувоздаҳум ва сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ қабул гардидаанд, мавриди баррасии вакилони халқ қарор дода шуданд.
Дар маҷмӯъ, дар Иҷлосияи сенздаҳум аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда вакилон 8 қарори дахлдорро қабул намуданд.
          Кори Иҷлосияи навбатӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба поён расид.