Мутобиқи нақша санаи 31 –уми марти соли 2022, иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ (даъвати шашум) дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид.
Тибқи масъалаи якуми рӯзнома ахбороти раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ Пирзода А.А. аз натиҷаи интихоботи нав дар ҳавзаҳои интихоботии "Деҳотӣ" №1, "Султонобод" №6, "Ҷомӣ" №26 ва эътирофи ваколати вакилони навинтихобшуда шунида шуд. Пас аз қабули қарори дахлдор оид ба масъалаи мазкур вакилони навинтихобшуда Исмоилов К.С., Одилов Т.А. ва Ҷалилов П.Б. савганди вакилӣ ёд карданд.
Мувофиқи масъалаи дуюм ба ҳайати Комиссияи доимии Маҷлис оид ба соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист тағйирот ворид гардида, тибқи он вакил Ғуломзода Ғ.А. раиси Комиссияи мазкур интихоб гардид.
Ҳангоми баррасии масъалаи сеюм ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Юсупов Ҳ.Ф. дар бораи ҷараёни татбиқи дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 21 декабри соли 2021 бармеоянд, шунида шуд.
Сипас доир ба фаъолияти Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ оид ба соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист дар давраи ҳисоботӣ раиси Комиссияи мазкур Ғуломзода Ғ.А. ҳисобот пешниҳод намуд.
Дар музокироти ин масъала вакил аз ҳавзаи "Истиқлол" №4 М.Ҳамидзод вобаста ба масоили азхудкунии заминҳои нав аз ҳисоби таллу теппаҳои бекорхобида, ба гардиши кишоварзӣ даровардани ҳамаи заминҳои кишоварзӣ, назорати хоҷагиҳои деҳқонӣ, кам кардани воридоти маҳсулот ва зиёд намудани истеҳсолот, бештар кишт кардани гандум ва маҳсулоти ниёзи аввал, пурзӯр намудани назорат дар самти муътадил нигоҳ доштани нарх дар бозор ва пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо дар ин самт таклифҳои вакилӣ пешниҳод намуд.
Зимни баррасии масъалаи панҷуми рӯзнома марзи маъмурӣ ва аҳолии ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳолати 1 январи соли 2022, ки мутаносибан майдони умумии 173528 га ва 393483 нафарро ташкил медиҳанд, тасдиқ гардиданд.
Ҳангоми баррасӣ кардани масъалаҳои дигари рӯзномаи Иҷлосия ба Қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ аз 28 декабри соли 2021, №84 тағйирот ворид карда шуда, инчунин масоили тағйироти кадрӣ ва тасдиқи як қатор қарорҳои раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби вакилони халқ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар маҷмӯъ, дар Иҷлосияи навбатӣ аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда 10 қарори дахлдори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ қабул гардиданд.
Дар идома иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ даъвати шашум баъди масъалаҳои ҷорӣ ва кадрӣ, раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ Азизулло Исматзода аз масъулин даъват ба амал овард, ки дар иҷрои вазифаҳои ба зиммадошта масъулиятшинос буда, баҳри беҳбудии рӯзгори мардум саъю талоши бештар дошта бошанд.
Дар анҷоми иҷлосия оид ба масъалаҳои дар рӯзномаи маҷлис нишондодашуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.