30-юми марти 2024 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ зимни ҳамоиши тантанавӣ маросими қадрдонии варзишгарони фаъоли ноҳия ва устодону мураббиёни онҳо баргузор шуд.
Дар ҳамоиш раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Собирзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳамадраҳим Юсуфӣ, инчунин, варзишгарони фаъол, устодон ва волидони онҳо ширкат варзиданд.
Дар суханронии хеш раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода зикр намуд, ки бо дастгирӣ ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар кишвар сол то сол рушд намудаистодааст. Хурсандиовараст, ки варзишгарони ноҳияи Рӯдакӣ дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкатварзида, бомаҳорату малакаи хеш номи кишвар ва ноҳияро баланд мебардоранд.
Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Собирзода зимни суханронии хеш аз дастгириҳои давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон ёдоварӣ намуда, ба варзишгарони ноҳия муваффақияту комёбӣ таманно кард.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба варзишгарони фаъол ва устодони онҳо аз ҷониби раиси ноҳия Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомотии ҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ тақдим гардид.
Дар хотимаи ҳамоиш баҳри болидаруҳии иштирокчиён аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини консертӣ пешкаш шуд.