Дар ноҳия ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Барномаи миллии рушди иљтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Барномаи маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Барномаи рушди футбол»-ро таҳия намуда, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия марҳила ба марҳила амалҷ намуд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018»дар ноҳияи Рӯдакӣ соли ҷорӣ беш аз 119 чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ баргузор гардида, ба он бевосита зиёда аз 80 ҳазору 250 нафар наврасону ҷавонон фаро гирифта шуд, ки ба воситаи онҳо ба ҳамсолонашон таъсири сиёсати давлатии ҷавонон расонида шудааст.
Ҷиҳати амали намудани «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018» ва эълон гардидани соли 2018 ҳамчун соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар назди Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия курсҳои кутоҳмуддати омӯзишии забони англисӣ ва омӯзиши ҳунарҳои милли ташкил карда шуда, зиёда аз 35 нафар ҷавонон ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.
 

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оиди нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди 16 ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаҳои варзишӣ ва колеҷҳои ноҳия мулоқоту вохуриҳои судманд ҷиҳати нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 4000 нафар ҷавонону наврасон фаъолона иштирок намуданд.
Инчунин аз ҷониби бахш мизҳои мудавар дар мавзуҳои «Таҷрибаи сулҳофари Пешвои миллат», «Аз Ватан ва номуси худ ҳидоят мекунем», ва «Пешгирии тероризм ва экстримизм», ки бо зиёда аз 320 нафар ҷавонону наврасон баргузор гардид.
Ташкили шанбегиҳо, чорабиниҳои фарҳангию фароғатӢ озмуну семенарҳо, мизҳои мудавар, аксияҳо, ки онҳо мазмун ва мундариҷаи корҳои тарбиявӣ, ташаккули ахлоқи ҳамида, танзиму расму оинҳо, анъанаҳо ва маросимҳои миллӣ, эҳёи анъанаҳои таърихию аҷдодӣ, баланд намудани савияи дониш, дарёфту дастгирии ҷавонони лаёқатманд доир карда шуд.
Инчунин дар арафаи 25 солагии рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ ташкили мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ҳомии Ватан» бо иштироки зиёда за 200 нафар ҷавонони то синни даъватӣ дар қисми низомии №15018-и Вазорати мудофияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар мусобиқа ҷавонон ва афсарон миёни худ аз намудҳои бандкашӣ, вазнбардорӣ, дастхобонӣ, тирпаронӣ, турниккашӣ ва давидан ба масофаи 100 метр қувваозмоӣ намуда, дар анҷоми мусобиқаҳо ѓолибон бо медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирави қадрдони гардиданд. Инчунин ҷавонон бо шарту шароити афсарони қисми низомии мазкур шинос шуданд.
Дар арафаи таҳлили ҷашни мазкур дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ихтиёриён, чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони «Хизмати Ватан шараф аст», ҷалби сарбозону афсарон ба чорабиниҳои ноҳиявӣ, сӯҳбату вохӯриҳо дар зиёда аз 12 қисмҳои низомии ҳудуди ноҳия бахшида ба 25 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ озмуни ҳафтсину ҳафтшин, Нонпази беҳтарин, Кадбонуи беҳтарин байни ҷавонондухтарон ва писарон доир карда шуд, ки дар он ҷавонон шеъру суруд ва ҳунарҳои милли мардумиро пешкаш намуданд. Инчунин фестивали «Иди суманак» бо иштироки фаъолҷавонон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ ва аз ҳисоби варзишгарон гушаи дастовардҳои варзишӣ, хурузҷанг, бандакаши, аловпарак, буҷилбози, ланкабози, аспдавони ва гуштингири дар ҷамоати деҳоти Султонободи ноњия гузаронида шуд.
Бо мақсади амали гардонидани Барномаи мазкур бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар якҷоягӣ бо шуъбаи кор бо занон ва оила, ШВКД-№1,2 ва Беморхонаи марказӣ баҳри амали сохтани барномаҳои «Пешгирии Вируси Норасоии Масунияти Одам ва Бемориҳои сироятӣ байни ҷавонони деҳот», пешгирии худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ, нашъамандию нашъаҷалобӣ, танфурушӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ташкилотҳои ғайриқонунӣ ва риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо фаъолҷавонон 26 аксияҳо ва зиёда аз 48 вохўриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда шуд.
Ҷиҳати иҷрои Қарори Раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз 27 марти соли 2018, №1042 «Дар бораи тайёр ва гузаронидани даъвати ҷавонони солҳои таваллудашон 1991-2000-ум ба хизмати ҳарбӣ дар баҳори соли 2018» бахшида ба Рӯзи гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи 2 апрели соли равон соати аз 9:00 то 12:00 дар назди бинои Комисариати ҳарбии ноҳия Барномаи фарҳангӣ фароғатӣ баргузор намуд, ки зиёда аз 4000 нафар иштирок намуданд.
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ санаи 20 апрели соли 2018 тибқи Барнома соати 10 00 мулоқоти Раиси ноҳияи Рӯдакӣ бо ятимони кулли ноҳия дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти унвони «Пешвои-миллат ғамхори ятимон» баргузор гардид. Дар мулоқот 91 нафар ятимон аз тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия ва колеҷҳои ҳудуди ноҳия иштирок доштанд.
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ бо мақсади иҷроиши Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ба таҷлили «Рӯзиҷавонони Тоҷикистон 23-май» таҳти унвони «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат!» дар ноҳия Нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ таҳия ва тасдиқ карда шуд, ки тибқи он дар сар то сари ноҳия чорабиниҳои мухталифи сиёсиву фарҳангӣ, фароғативу маърифатӣ ва оммавию варзишӣ доир гардиданд.
Санаи 1 майи соли равон дар толори мактаби мусиқии бачагона ба номи М.Ашрафии ноҳия мулоқоти мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бо ҷавонон таҳти ҳамоиши моҳвораи “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат” бо иштироки зиеда аз 220 нафар ҷавононбаргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур миёни ҷавонон расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, дар амал исбот намудани ҷавонон, ки имрӯз Пайравони воқеӣ ва асилиПешвои миллатанд.
Ҷиҳати иҷрои банди 18-и Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмиллалии Осорхонаҳо санаи 18 майи соли равон дар осорхонаи марказии ноҳияиРӯдакӣ як рӯзидарҳои кушоди осорхона бо иштироки зиёда аз 3200 нафар ҷавононунаврасон гузаронида шуд. Ҷавонони ноҳия аз осори бойю рангини гузаштагонамон дидан намуда, барои худсанаҳои таърихиро қайднамуданд.
Вобаста ба банди 19-и НақшадарноҳияАксияиноҳиявии «Биёед китоб мехонем» ва «Саломатии миллат бойгарии давлат» дар боғҳовамарказиноҳиябоиштирокиволонтиёрониБахшикорбоҷавононваварзишиноҳия ва шумораи зиёди ҷавонон гузаронида шуд, ки дар аксия зиёда аз 450 маводҳоитаблиғотибуклетҳотақсимкардашуд.
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои моҳвораи ҷавонон бахшида ба рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар сар то сари ноҳия чорабиниҳои мухталифи сиёсиву фарҳангӣ, фароғативу маърифатӣ ва оммавию варзишӣ доир гардиданд.
Инчунин санаи 20 майи соли равон дар сар то сари ноҳия Дави миллӣ бо иштироки зиёда аз 23 600 нафар ҷавонону наврасон новобаста аз сину сол гузаронида шуд.
Бо мақсади расонидани муҳтавои паёми навбатии Пешвои миллат, ки санаи 12 майи соли 2018 бо ҳишри ҷомеа баргузор гардид, бо ҷалби намояндагони шинохтаи аҳли зиё, ходимони дин, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, худфаъолияти ҷамъиятӣ, шуроҳои занону ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳиро дар ҷамоатҳои ҳудуди ноҳия баргузор гардид.
20 то 30-юми январи соли равон бахшида ба таътили зимистона ва эълон гардидани соли 2018 ҳамчун соли Рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ миёни муассисаҳои таълимии ноҳия мусобиқаҳои варзишии шашка ва шоҳмот миёни духтарону писарон, волейбол ва гуштини дзюдо гузаронида шуд. Дар мусобиқаҳои мазкур зиёда аз 350 нафар варзишгарон иштирок намуда дар ҷамбаст ғолибон бо медал, ифтихорнома, ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдони гардиданд.
Бахшида ба Рӯзи модарон санаи 4 марти соли равон мусобиқаи кушоди ноҳияи Рӯдакӣ оид ба гуштини дзюдо бо иштироки зиёда аз 220 нафар варзишгарон, 6 марти соли равон мусобиқаи волейбол ва шоҳмот байни бонувон дар Гимназияи тоҷикиву русӣ ба номи А.С. Пушкини ноҳия баргузор гардид, ки дар ҷамбаст ҷавондухтарон бо медал, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии ташкилнамудаи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия қадрдони гардиданд.
  Дар давраи ҳисоботи бахшида ба Наврузи байналмилалӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Зайнабобод, Қиблаӣ ва Султонобод мусобиқаи кушоди варзишии «Бузкашӣ ва пойгаи равон» баргузор карда шуд, ки дар он зиёда аз 1500 нафар ширкат намуданд.
Бахшида ба Рузи Пойтахт санаи 21 апрели соли 2018 дар толори варзишии Гимназияи тоҷики-русси ба номи А.С. Пушкин мусобиҷи кушоди варзишӣ оид ба Бадминтон баргузор гардид. Дар мусобиқа варзишгарон аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуданд. Мусобиқа муҳлати 2 рӯз давом дода шуда, ғолибон бо медалу ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.
Вобаста ба Рӯзи Пойтахт дар толори варзишии Ғалаба мусобиқаи кушоди ноҳияи Рӯдакӣ оид ба Дзюдо бо иштироки 180 нафар варзишгар баргузор гардид, ки ғолибон бо медалу ифтихорнома кадрдонӣ гардиданд.
Бахшида ба моҳвораи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон санаи 6 майи соли 2018 мусобиқаи гуштини Дзюдо байни наврасони солҳои 2002-2005 дар толори варзишии Ғалаба бо иштироки 125 нафар варзишгарон баргузор карда шуд.
Бахшида ба моҳвораи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон фестивали бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол дар њудуди тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва коллеҷҳо баргузор гардид.
  Дар фестивал зиёда аз 1750 нафар варзишгарон байни ҳам қувваозмоӣ намуда ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар 6 моҳи соли ҷорӣ варзишгарон дар Чемпиоатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусобиқаҳои минтақави соҳибӣ 13-то медали тилло, 17-то нуқра ва 31-то биринҷӣ гардидаанд. Ташкили чорабиниҳои гуногуни ташкиливу оммавӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, ки ба он зиёда аз 71 ҳазору 200 нафар ҷавонону наврасон фаро гирифта шуданд далели гуфтаҳои боло мебошанд.
Инчунин дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу-ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти кишвар, ки зимни мулоқоташон бо варзишгарон 20 декабри соли 2010 баён гардида, мутобиқитала боти банди 35-и накша-чорабиниҳои мазкур дар ноҳияи Рӯдакӣ дастаи футболи Кӯктош-Рӯдакӣ таъсис дода шуда, айни замон дар бозиҳои лигаи Олии футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ барои дастгирии дастаи футболи ноҳия «Куктош+С» аз ҳисоби маблағҳои ба Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия пешбинигардида 20 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.
Барномаи мазкур дар шашмоҳаи аввали соли 2018, 32 ҳазору 298сомонӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ дастгирӣ гардидааст.
Ҳамин тариқ, дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати татбиқ намудани Барномаҳои давлатӣ дар самти сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш 88 тадбирҳо доир карда шуда, зиёда аз 71 ҳазору 200 нафар ҷавонону наврасонро фаро гирифта шуданд.