Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ санаи 18-уми апрели соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанг ҳамоиши ҷавонони фаъоли ноҳия баргузор гардид.
Дар ҳамоиш раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода ва раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар оғози ҳамоиш раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода баромад намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт ва аз дастгириҳои рӯзафзуни давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон ёдоварӣ кард. Зикр шуд, ки маҳз бовариву эътимод ва сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат аст, ки дар самти дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонону наврасони фаъоли кишвар пайваста иқдомҳои нав роҳандозӣ карда мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз намуданд, ки: “Ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд”. Дар радифи ин таъкиди Сарвари давлат соли ҷорӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати боз ҳам бештар намудани дастгирии ҷавонони фаъол як қатор ташаббусҳо амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла, теъдоди гирандагони Стипендияи президентӣ ва Стипендияи раиси ноҳия зиёд карда шуданд. Чунин ташаббусу иқдомҳо минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода дар суханронии хеш ҷавонони ноҳияи Рӯдакиро ба омӯзиши илму ҳунар, донишу маърифат, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва пайравӣ аз сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват кард. Қайд шуд, ки ҷавонон насли ояндасози давлату миллат мебошанд ва ин қишри таъсиргузори ҷомеа дар раванди ташаккули давлату миллат нақши муҳим мегузоранд.
Сипас, дар маросими тантанавии ҷоизасупорӣ ба беҳтарин ҷавонони соҳаҳои гуногуни ноҳия ва туҳфаҳои арзишманди раиси ноҳия супорида шуд. Сипоснома ва туҳфаҳоро ба беҳтаринҳо Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода ва сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ генерал-майори милитсия Қудратулло Назарзода тақдим намуданд.