Бахшида ба рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва дар доираи моҳвораи ҷавонон санаи 11 дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадшариф Бобошоҳзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонони Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амир Иброҳимзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Абдулло Сатторӣ, директори Коллеҷи техникӣ-омӯзгории ноҳия Гулхумор Ҳусейнзода, гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стипендияи раиси ноҳия ва дигар ҷавонон иштирок намуданд.
Дар оғоз раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода суханронӣ карда, ҷавонони сарбаланди ноҳияро ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон- 23 май табрик намуд. Мавсуф нақши ҷавононро дар рушди босуботи кишвар ва оянда аввалиндараҷа арзёбӣ намуда, онҳоро ба илму ҳунаромӯзӣ, ҳифзи марзу буму сарзамини аҷдодӣ ва саҳм гузоштан дар ободию сарсабзии кишвари азизамон Тоҷикистон талқин кард.
Сипас муовини раиси ноҳия Муҳаммадшариф Бобошоҳзода баромад карда, қайд намуд, ки воқеан ҷавонон нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа ҳастанд ва ояндаи миллат маҳз аз ҷавонони бонангу номуси ин миллат вобаста мебошад.Дар тақвияти гуфтаҳои муовини раиси ноҳия ҷавонон, барандагони стипендия низ баромад намуда, шукронаи ободию гулгулшукуфии Ватани азизамон карданд.
Дар идомаи чорабинӣ аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти пурсамар ва ҳамкории судманд дар рушди соҳаи ҷавонон роҳбарони фаъоли шуъбањо ва бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоту муассисаҳо бо Сипоснома қадрдонӣ гардида, стипендияи гирандагони стипендияи раиси ноҳия дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.
Баъдан барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуда, дар анҷоми чорабинӣ ҷавонон бо раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода акси хотиравӣ гирифтанд.