Макроиқтисодиёт
Маҷмӯи умумии истеҳсоли маҳсулоти ноҳияи Рӯдакӣ дар соли 2017 ба маблаѓи 875 млн. 285 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 8.3 фоиз ё худ ба андозаи 67 млн. 644 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар маҷмӯи умумии истеҳсоли маҳсулот ҳиссаи бахши саноат 21,5 фоиз, кишоварзӣ 65,7 фоиз, дигар соҳаҳо 12,8 фоизро ташкил дода, даромади буҷет дар ҳаҷми маҳсулоти ноҳия 15.4 фоизро дар бар мегирад.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Љумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, №23 Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Љумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Љумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» ва Қарори иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ «Дар бораи тасдиқ намудани буҷети ноҳияи Рӯдакӣ барои соли 2017» нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар соли 2017 ба маблағи 133 млн. 707 ҳазор сомонӣ ё баробари 99,5 фоиз иҷро карда шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 678 ҳазор сомонӣ кам ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблаѓи 18 млн. 41 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 15 фоиз зиёд мебошад.
Ҳиссаи иҷроиши қисми таркибии андозҳо нисбати ҳаҷми умумии даромади буҷет чунин мебошад:
- андози даромад аз шахсони воқеъӣ | 25,0 фоиз, |
- андоз аз фоида ҳамагӣ | 20,0 фоиз |
- андози арзиши иловашуда | 21,0 фоиз, |
- андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда пардохта мешавад |
13.8 фоиз, |
-дигар андозу даромадҳо | 20,2 фоиз, |
Бо вуҷуди андешида шудани тадбирандешиҳои зиёд аз ҷониби Комиссияи ноҳиявии барҳамдиҳии бақияпулиҳои андоз, ба 1 декабри соли 2017 ҳаҷми он 8 млн. 190 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати соли гузашта 506 ҳазор сомонӣ, нисбат ба моҳи январи соли 2017 858 ҳазор сомонӣ кам карда шудааст.
Нақшаи андози иҷтимоӣ дар соли 2017 54 млн. 481 ҳазор сомонӣ буда, ба маблаѓи 56 млн. 360 ҳазор сомонӣ иҷро гардидааст, ки 103,4 фоизро ташкил медиҳад.
Тибқи Қонуни Љумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Љумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилӣ 6 млн. 972 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби андоз аз даромад 2 млн. 671 ҳазор сомонӣ ҳиссагузорӣ карда шуд.
Мувофиқи нақша қисми хароҷоти буҷети ноҳия дар соли 2017 ба маблаѓи 132 млн 668 ҳазор сомонӣ ё баробари 98,9 фоиз иҷро гардид, ки нисбат ба соли гузашта 14 млн. 327 ҳазор сомонӣ ё 12.1 фоиз зиёд аст.
Саноат
Дар соли 2017 корхонаҳои саноатии ноҳия новобоста аз шакли моликият ва тобеияти идоравияшон якҷоя бо соҳибкорони инфиродӣ ба маблаѓи 188 млн. 623 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки ин нисбат ба соли сипаришуда бо нархҳои аслӣ 40,0 фоиз афзоиш ёфта, ё худ ба маблаѓи 53 млн. 881 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ҳаҷми умумии истеҳсолоти маҳсулоти саноатӣ, ҳиссаи маҳсулоти саноати истихроҷи маъдан 3.4 фоиз, саноати коркард 77.3 фоиз, тақсимоти нерӯи барқ, газ ва об 19.3 фоизро ташкил медиҳад.
Дар давоми соли 2017 дар ноҳия 119 корхонаҳои саноатӣ фаъолият намудаанд, ки 26 адади он ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда машѓул будаанд.
Корхонаҳои мавҷудаи саноатии ноҳия давоми соли ҳисоботӣ фаъолияти пурсамар карда ба андозаи 97361 метри мукааб қум, 149088 метри мукааб сангпора, 22776 метри мукааб шаѓали омехта, 5716 метри мукааб маҳсулоти оҳану бетонии васлшуда, 10459 ҳазор дона хишти бинокорӣ, 495 тонна бензин, 4319 тонна сӯзишвории дизелӣ, 5499 тонна мазут, 806 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 74 тонна маҳсулоти ҳасибӣ, 257 тонна маҳсулоти макаронӣ, 14779 декалитр нушокиҳои спиртӣ, 145454 декалитр обҳои минералӣ ва 1031,3 ҳазор метри мураббаъ қолин ва маснуоти қолинӣ истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта маҳсулоти қаннодӣ 68,2 фоиз, маҳсулоти ҳасибӣ 85,0 фоиз,, нӯшокиҳои ранга 58,0 фоиз, нӯшокиҳои спиртӣ 38,2 фоиз, бензин 29,8 фоиз, мазут 41,6 фоиз, сӯзишвории дизелӣ 44,7 фоиз ва қолин 12.1 баробар зиёд мебошад.