Ҳамдиёрони гиромӣ, Имрӯз мо баҳри он ҷамъ омадаем, ки яке аз санаи фархундаи Тоҷикистони азизу соҳибистиқлолро якҷоя таҷлил намоем. Расо 29 сол муқаддам 6 ноябри соли 1994 санади муҳиму тақдирсоз, шаҳодатномаи миллат-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва Тоҷикистонро дар ҷаҳон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълон намуд. Ба ин муносибат ҳамаи шумо, тамоми мардуми меҳнатқарини ноҳияи Рӯдакиро самимона табрик менамоям. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат, санади асосии таърихи навини мардум ва қавму халқиятҳои Тоҷикистон буда, рӯзи қабули он яке аз санаҳои муҳимтарин дар таърихи давлатдорӣ ва рӯйдоди арзишманду фараҳбахш дар зиндагии ҷомеа барои мо мардумони истиқлолиятхоҳи Тоҷикистони озоду обод, рӯзи ид, рӯзи фараҳмандӣ ва рӯзи мурод аст. Ин санади тақдирсози миллат бо ибтикор ва ташаббуси ваҳдатофаринӣ ва меҳанпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заковату иродаи мардуми фарҳангсолор ва тамаддунофари тоҷик қабул гардида, барои амалӣ гардидани орзуву ормонҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик ва ташаккули давлатдории муосири Тоҷикистон мусоидат намуд. Аҳамияти арзиши баланди Конститутсияро моҳияти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, давлатию ҳуқуқӣ, таърихию анъанавӣ ва миллӣ доштани он нишон медиҳад, зеро дар Конститутсия қайд гардидааст, ҳадафи асосӣ ва ниҳоии давлат ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани шароити мусоид барои озоии сухан ва фаъолияти озоди иқтисодӣ мебошад. Дигаргуниҳои кулли ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ, ки дар солҳои Истиқлолият ва баъди қабули Конститутсия ба вуқӯъ пайвастанд роҳи дуруст ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, азму ирода ва матини халқи тоҷик мебошад. Қабули Конститутсия барои мардум ва таъмини сулҳу суботи кишварамон асоси мустаҳкам гузошта, ба сифати қонуни олии давлат масъалаҳои муҳимтарини сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии ҷомеа, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, мавқеи фаъолияти мақомоти |
давлатиро муайян намуда, маҷмӯи ормону ниятҳои ниёгон ва дастури кору зиндагии наслҳои имрӯзу фардои миллати мутамаддини тоҷик, паёми руҳи бешикасту озодпарасти миллати тоҷик ба мардуми дунёст, ки аз истиқлолияти давлатии мо бозгӯӣ мекунад.
Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, қабули Конститутсия яке аз дастовардҳои азими халқамон ба шумор меравад, ки бо иродаи қавии мардуми шарифи Тоҷикистон ба он ноил гардидем.
Қабули ин санади муҳими таърихӣ ба оғози давраи сулҳу ваҳдат, ризоияти миллӣ ва созандагию бунёдкориҳо дар кишварамон асос гузошт. Конститутсияи нахустин ҳуҷҷатест, ки давлати соҳибистиқлоли моро имконият дод, ки Тоҷикистон ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид гардида, ҳамчун субъекти комилҳуқуқи дар муносибатҳои байналмилалӣ эътироф шавад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди беназирест, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо татбиқи арзишҳои он, пояҳои давлатдориамонро боз ҳам устувору қавӣ мегардонанд. Ин санади сарнавиштсоз дар қуллаи баланди низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории мамлакат истода, таҷассумгари орзуву ормонҳои халқамон аст ва барои рушду нумӯи кишварамон, аз ҷумла, раванди демократикунонӣ, ҳуқуқбунёдии ҷомеа ва давлатамон нақши арзишманд дорад.
Аз ин ҷиҳат Конститутсияи мо санади ифодакунанда ва ҷавобгӯи ормону орзӯи халқи Тоҷикистон буда, эҳтиром ва риояи ҳатмии он ба хотири манфиатҳои олии Ватан, давлат ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Конститутсия чунин гуфтаанд: “Боиси ифтихор аст, ки қонуни асосии мо дар миқёси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дуюмин Конститутсияи бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшуда мебошад ва аз ҳамон рӯзи саид то имрӯз мардуми мо ин санаи тақдирсозро ҳамасола чун яке аз ҷашнҳои муқаддаси давлативу сиёсӣ бо шукӯҳу тантана таҷлил менамоянд”.
Дар ҳақиқат имрӯз мо ҳаёти худро бе Конститутсия, ки ҳамчун меъёри ҳуқуқии зиндагии инсон қабул гардидааст, тасаввур карда наметавонем.
Эҳтиром ба қонун пеш аз ҳама ба Конститутсия, риояи ҳатмии он ба хотири манфиатҳои олии Ватан ва давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Чунки ҳифз ва густариши арзишҳои милливу умумибашарӣ, ҳуқуқи байналхалқӣ дар ҷомеа, садоқат ба сохти давлатдории миллӣ, яъне давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ, демократӣ ва ҳимояи халалнопазирии ин арзишҳо, бо майлу иродаи халқ дар Конститутсияи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол дарҷ шудаанд.
Конститутсия Тоҷикистонро ба сифати давлати иҷтимоӣ муайян намуда, онро барои фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи иҷтимоии ҳар як фард масъул сохтааст.
Роҳи интихобкардаи мо, яъне эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ мувофиқи иродаи кулли мардум мебошад. Ба шарофати сиёсати пешгирифтаамон дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ комилан таъмин гардидааст, ки имрӯз таҳкими он қарзи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа ба шумор меравад.
Эътибори имрӯзаи оламшумули Тоҷикистон, нуфузи байналмилалии он, Ваҳдати миллӣ, якдигарфаҳмӣ, сулҳу субот, рушди бомароми иқтисодиёт ва беҳдошти аҳволи иҷтимоии аҳолӣ маҳз аз шарофати Конститутсия ба даст омадааст.
Аз баракати ин санаи сарнавиштсоз, ифодакунандаи мақсаду мароми давлати соҳибистиқлолу мардуми шарифи он имрӯз дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ низ дигаргуниҳои куллӣ ба назар мерасад.
Вобаста ба ин вазифаи аввалиндараҷаи ҳамагонро дар таъмини волоияти қонун, муқаддас донистани Конститутсия, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, садоқат ба давлату Ватан тарбияи намудани аҳли ҷомеа ва насли наврас, таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва вусъатбахшии корҳоро дар мавриди таъмин намудани ҳуқуқ ба ҳаёти осоишта, таҳкими истиқлолият ва сулҳу амният, ризоияти миллӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, баланд бардоштани дараҷаи зист, ба таълим ва шуғл фаро гирифтани ҷавонон, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, фарогирӣ бо таҳсилу касбомӯзӣ, фароҳам овардани шароит барои ҳифзи саломатӣ ва тарзи ҳаёти солим мебинам.
Бо шукргузорӣ аз оромии фазои сиёсии мамлакат ба ғояҳои истиқлолият, сулҳу амният, тинҷию осудагӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ҳисси ифтихори миллӣ ва таъриху фарҳанги миллат арҷ гузошта, пайваста кушиш намоем, ки ҳар як хишти бинои давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёди тоҷикон мустаҳкамтар гузошта шуда, давлатдории миллати куҳанбунёдамон дар ҷаҳони мураккаби асри навин симои хешро дошта бошад.
Ин санаи фархундаро бо камоли ифтихору сарфарозӣ ба ҳамаи шумо табрик гуфта, бароятон дар ободиву шукуфоии диёри маҳбубамон пешрафту пирӯзиҳо ва дар хонадони ҳар кадоматон осудагиву рӯзгори фаровон орзӯ менамоям.
Рӯзи Конститутсия муборак, ҳозирини гиромӣ.
Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода