РАИСИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ

МАЪЛУМОТНОМА

Ному насаб:   ҲИКМАТУЛЛОЗОДА     АБДУҒАФФОР 
аз 11 январи соли 2023 дар мансаби иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Рӯдакӣ кор мекунад
Соли тавалуд: 17 апрели соли 1975  
Ҷои таваллуд:  дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст.
Миллат: тоҷик
Маълумот: олӣ
Соли 1998 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.
Ихтисос: Аграном ва иқтисодчӣ 
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не
Ваъи оилавӣ: оиладор
Кор ва фаъолияти собиқа
Солҳои 1993-1998  Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. 
Солҳои 1992-1993 дар хоҷагии давлатии «Ӯртабуз»-и ноҳияи Фархор ба ҳайси коргари одӣ оғоз намудааст.
Солҳои 1998-1999 дар мақомоти прокуратураи ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе ҳамчун коромӯз фаъолияташро идома додааст. 
Солҳои 2000-2003 дар вазифаҳои ёрдамчӣ ва ёрдамчии калони прокурори ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе
Солҳои 2003-2004 ба ҳайси ёрдамчии калони прокурори шаҳри Душанбе оид ба кадрҳо кор кардааст. 
Солҳои 2004-2009 прокурори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти гумрук ва нақлиёти Прокуратураи генералӣ ва прокурори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар нақлиёти Прокуратураи генералӣ фаъолият кардааст.
Солҳои 2009-2017 ҳамчун муовини сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар нақлиёт ва коммуникатсияи Прокуратураи генералӣ, прокурори ноҳияи Балҷувон, прокурори ноҳияи Данғара, муовини прокурори вилояти Суғд фаъолияташро идома додааст.  
Солҳои 2020-2023 муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа кардааст. Мушовири давлатии адлия дараҷаи 3 мебошад.
Солҳои 2023(01-11)

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 январи соли 2023 иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ таъин гардидааст.