23 май бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо фаъолҷавонон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ раиси ноҳия Азизулло Исматзода, муовини аввал ва муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, гирандагони стипендияи Президентӣ ва стипендияи раиси ноҳия, ҷавононе, ки тибқи квотаи Президентӣ дар макотиби олии кишвар таҳсил мекунанд, намояндагони иттиҳодияҳои ҷавонону наврасон ва созмонҳои талабагӣ, ғолибон ва иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Тоҷикистон-Ватани азизи ман", ва "Илм фурӯғи маърифат", аъзоёни маҳфилҳои адабию фаннӣ, ҳаваскорони санъат, ҷавонони роҳбар, сарварони ташкилотҳои ҷавонони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту идораҳо ва масъулони соҳаи кор бо ҷавонон иштирок намуданд.
 
      Дар идомаи чорабинӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон собиқадорони соҳаи кор бо ҷавонон ва як қатор фаъолҷавонони ноҳия аз тарафи раиси ноҳия бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Инчунин варзишгарони маъруфи ноҳия Темур Раҳимов ва Анӯшервон Фозилов бо Ифтихорнома ва тӯҳфаи молӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ қадр карда шуданд.