Имрӯз, 14-уми сентябри соли 2024 раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода бо раисони маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯрӣ баргузор намуд.
Вохӯрӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сурат гирифта, дар кори он муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, намояндагони сохторҳои дахлдори давлатӣ, раисони маҳаллаҳо ва дигар фаъолон ширкат варзиданд.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои муҳимми рӯз, аз ҷумла, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ дар маҳал, маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ, пешгирии хурофоту таассуб, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи талаботи қонунгузории кишвар оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим, самаранок истифода бурдани заминҳои кишт ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни суҳбат раиси ноҳия ба раисони маҳаллаҳо дар хусуси тозаву озода озода нигоҳ доштани маҳал, ҷалби сокинон ба корҳои ободонӣ, омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ ва тақвияти ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор супоришҳо дод.