Рӯзи Ваҳдати миллӣ рӯзи иттиҳод, ҳамбастагӣ, ягонагӣ, рамзи сулҳу субот ва амнияту осоиши халқ мебошад. Мардуми сарбаланду саодатманди кишвар ҳар сол ин рӯзро бо шукргузорӣ аз фазои софу беғубори меҳани азиз дар сатҳи зарурӣ истиқбол мегиранд.
Дарноҳияи Рӯдакӣ низ имсол 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро бо шаҳомату шукӯҳи хос ҷашн гирифтанд. Аз ҷумла, рӯзи 29-уми июни соли ҷорӣ дар деҳаи Теппаи самарқандии ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳия ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил шуд.
Дар чорабинии бошукӯҳи идона раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода, муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон–намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Диловар Пирзода, нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Раҳимзода Маҳмад Забир, инчунин, собиқадорон, роҳбарону намояндагони сохторҳои давлатии ноҳия, суд, прокуратура, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолон ва сокинони ҷамоати мазкур ширкат варзиданд.
Сокинони деҳоти мазкур барои иштирокчиёни чорабинӣ растаҳои ҳунарҳои мардумӣ, расму русум ва анъанаҳои миллӣ, маҳсули корӣ дастӣ ва хӯрокҳои миллиро ба намоиш гузоштанд. Меҳмонон аз намоишгоҳ дидан намуда, ба ҳунармандону бонувони чирадаст баҳои баланд доданд.
Дар рафти чорабинӣ раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода ва муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон–намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Диловар Пирзода суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ шодбош гуфтанд.
Дар рафти суханрониҳои хеш собиқадорон, аз ҷумла, нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо ва доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Раҳимзода Маҳмад Забир аз даврони пуршӯри ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ҳаводиси даҳшатбори он рӯзҳо ва аз азобу ранҷи сокинони деҳоти мазкур дар он солҳои мудҳиш ба ҳозирин ҳикоят карданд. Таъкид шуд, ки дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ ва сулҳу осоише, ки имрӯз бошарофати хизматҳои беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бадаст омадааст, бузургтарин ва муқаддастарин неъмат башумор меравад. Насли имрӯз, хосса наврасону ҷавонон, ки аз даҳшати ҷанг хотирае надоранд, бояд бақадри ин неъмати бебаҳо расанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоя кунанд.
Дар хотимаи чорабинӣ барномаи рангии театрикунонидашуда, саҳнаҳои аз даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва шеъру суруду таронаҳои ҷолибу дилошӯб пешкаши ҳозирин гардонида шуд.