Ҷавонони азиз, пайравони асили Пешвои миллат!
Ҳамаи шуморо, ки дар асл бақои кишвару миллат ва созандаи фардои Ватани маҳбубу соҳибистиқлол ҳастед, ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳар сол 23 май таҷлил мегардад, самимона табрик мегӯям.
Дар сатҳи баланди ҷамъиятиву сиёсӣ таҷлил гардидани «Рӯзи ҷавонон» шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ва давлату Ҳукумат нисбат ба насли ҷавони кишвар мебошад.
Дарвоқеъ, барои мо мояи ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷавонон умедҳои калон доранд.
Суханҳои Пешвои миллат «Мо ҷавононро нерӯи созандаю бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳастии ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем», ки соли гузашта дар мулоқоташон бо ҷавонони кишвар изҳор доштанд, далели воқеии боварияшон ба ҷавонон мебошад.
Маҳз боварию эътимод ва сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат аст, ки дар самти дастгирии насли наврасу ҷавон ба таври ҳамешагӣ иқдомҳои беназир роҳандозӣ карда мешавад. Яке аз чунин иқдомҳо ва механизмҳои ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии иҷтимоии ҷавонон ин таъсиси Стипендияи президентӣ барои хонандагони мактабҳо ва донишҷӯён аст, ки Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ ин иқдомро дастгирӣ намуданд.
Ҷавонон, Ободӣ, Бунёдкорӣ, Созандагӣ, Ваҳдат, Сулҳ, Ватану Ватанпарастӣ воқеан мафҳумҳое ҳастанд, ки бо ҳам зич алоқаманд буда, аз якдигар вобастагӣ доранд.
«Рӯзи ҷавонон» рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ ва иттиҳоду ягонагии кулли ҷавонон буда, пирӯзии ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад.
Ба 1 апрели соли 2022 шумораи умумии ҷавонони ноҳия 133 ҳазору 760 нафар буда, аз ин 65 ҳазору 543 нафарро духтарон ташкил медиҳад. Дар ноҳия ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қонунҳои ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», барномаҳои миллии “Рушди иҷтимоии ҷавонон дар ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонӣ”, “Барномаи давлатии тарбияи ватандустӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон ва варзиш» ва «Барномаи рушди футбол» амалӣ шуда истодааст.
Бо мақсади таҳкими татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, аз ҷумла ҷиҳати дастгирии ҷавонони лаёқатманду боистеъдод дар ноҳия ба 91 нафар стипендияҳои Президентӣ ва ба 40 нафар стипендияҳои Раиси ноҳия таъин карда шудааст. Бо мақсади таҳкими татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, аз ҷумла ҷиҳати дастгирии ҷавонони лаёқатманду боистеъдод ҳамасола беш аз 20 нафар ҷавонони ноҳия тибқи квотаи Президентӣ ба донишгоҳҳои мамлакат фиристода мешаванд.
Дар ҳудуди ноҳия 2 мактаби варзишӣ фаъолият дошта, 37 нафар мураббиён ба 929 нафар ҷавонон машқу тамрин медиҳанд.
Айни замон дар ноҳия 422 иншооти варзишӣ, аз он 1 варзишгоҳ, 172 майдончаи футбол, 103 майдончаи волейбол, 54 майдончаи баскетбол, 31 толори варзишии хусусӣ, 16 майдончаи футболи хурд ва 45 толори варзишӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ фаъолият дошта, ба наздикӣ, бахшида ба 35 - солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Алибойи деҳоти Зайнабобод 2 майдончаи футболи хурд сохта ба истифода дода шуд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бошад дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 128 чорабинии гуногуни сатҳи ноҳиявӣ, аз ҷумла семинару мизҳои мудаввар, конференсияҳо ва чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардида, ба он 72 ҳазору 250 нафар наврасону ҷавонон фаро гирифта шуд.
Дар ин давра аз ҷониби маҳфили «Пайравони Пешвои миллат»-и Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия 42 аксия таҳти шиори «Саҳми ман дар шаҳри ман», «Мо ҷавонон ин ватанро сабзу хуррам мекунем», «Саломатии Шумо ифтихори мост» ва «Насли ҷавон ҳаёти бе зуровариро интихоб мекунад» гузаронида шуд.
Ҷиҳати пешгирии ҷавонон аз зуҳуроти номатлуб ва ҷалби онҳо ба варзиш 47 мусобиқаи гуногуни варзишӣ, аз қабили гуштини миллӣ, гуштини дзюдо, футбол, шашкову шоҳмот, бокс, волейбол, тэквандо, бадминтон ва дигар намуди варзиш баргузор карда шуд.
Танҳо дар се моҳи аввали соли ҷорӣ варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои байналмилалӣ сазовори 1 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ гардида, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ соҳиби 6 медали тилло, 20 медали нуқра ва 32 медали биринҷӣ гардидаанд.
Дар мусобиқаи Гранд-Слам - 2022 сазовори медали биринҷӣ гардидани варзишгари маъруфи ноҳия Темур Раҳимов ва бо гирифтани ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё оид ба бокс ғолибият ба даст овардани Анушервон Фозилов далели муваффақият-ҳои ноҳия дар самти варзиш мебошад.
Дар радифи суханрониҳои Президенти мамлакат «Мо аз ҷавонони кишвар умеди калон дорем, ки вақтро ғанимат шуморида, ба хотири ояндаи неки Ватан ва пешрафти давлати соҳибистиқлол, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ ва аз худ кардани техникаю технологияи навтаринро вазифа ва мақсаду мароми ҳаррӯзаи худ қарор медиҳанд» умед дорем, ки бо саҳмгузории Шумо ҷавонони арҷманд, дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ноҳия дигаргуниҳои муҳим ба вуқӯъ пайваста, аксарияти бахшҳои иқтисоди миллӣ ба таври назаррас рушд хоҳад кард.
Гарчанде, ки дар ноҳия вобаста ба тарбияи ҷавонон дар руҳияи ахлоқи ҳамида, худогоҳиву ватанпарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, пешгирӣ ва мубориза ба муқобили гаравиши ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро ва ҷинояткорӣ чораҳои мушаххас андешида шавад ҳам, ҳоло низ ҳолатҳои майли ҷавонон ба ҳаракатҳои номатлуб мушоҳида мешавад.
Пешвои миллат дар мулоқоташон бо фаъолҷавонон, ки соли гузашта баргузор гардида буд, таъкид намуданд, ки «…яке аз сабабҳои асосии майл пайдо кардани одамон ба хурофот, ифротгароӣ ва радикализми динӣ маҳз бесаводист».
Дар ин радиф умед дорем, ки ҷавонони бонангу номуси диёри мо истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи дастовардҳои он, арзишҳои миллӣ, пуштибонии амнияти миллӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсиро аз муқаддастарин вазифаҳои худ хоҳанд донист.
Таҷлили пуршукӯҳи 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишварамон дар пеш буда, ба ин хотир мо аллакай корҳои омодагиро оғоз намудаем.
Аксарияти шумо шояд огоҳ ҳастед, ки корҳои бунёдкорӣ дар ноҳия, махсусан дар маркази маъмурии он -шаҳраки Сомониён бо маром идома дорад. Кӯчаҳо чароғон гардидаанд, роҳҳо мумфарш мешаванд, вале ин кифоя нест, мо тасмим дорем, ки дар якҷоягӣ бо мардуми шарифи ноҳия ва бахусус ҷавонон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолият ноҳияамонро ба шаҳри сабзу хуррам табдил диҳем.
Боварӣ дорам, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо, шумо ҷавонон низ бо иштироки фаъолона дар тадбирҳои ободонӣ, хониши аъло, рафтори намуна ва ахлоқи ҳамидаи худ саҳмгузор мешавед.
Сарбаланду обод бошед, ҷавонони азиз.
Рӯзи ҷавонон муборак!