ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОН ДАР НОҲИЯ
     Ба хотири таҷлили сазовори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбони ноҳияи Рӯдакӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадшариф Бобошоҳзода, сардори Раёсати маорифи ноҳия Соҳибназар Сафаров, директори Коллеҷи техникӣ-омӯзгории ноҳия Гулхумор Ҳусейнзода, директори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов Салоҳиддин Разоқзода иштирок ва суханронӣ намуданд. Инчунин, дар чорабинӣ мудирони бахшу сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, омӯзгорону хонандагон ширкат варзиданд.                
     Пеш аз оғози чорабинӣ, меҳмонон дар даромадгоҳи Қасри фарҳанг намоиши китобҳои бадеӣ ва илмиро, ки ифодагари асолату бузургии забонӣ тоҷикӣ буда, аз тарафи Китобхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ ба намоиш гузошта шуд, тамошо карданд.
     Чорабиниро муовини раиси ноҳия Муҳаммадшариф Бобошоҳзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо Рӯзи забони давлатӣ табрик карда, қайд намуданд, ки забон робитаи зинда, барҷаста ва ногусастаниест, ки ниёгон, ҳозирон ва ояндагонро ба ҳам мепайвандад ва ба таърих мубаддал месозад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо соҳибзабононро мебояд эҳтиром ва ҳифзи забони ноби тоҷикиро дар мадди аввал гузорем.
     Дар идомаи чорабинӣ, баъд аз табрикот ва суханронии дигар меҳмонон, якчанд нафар аз кормандони фаъоли соҳаҳои гуногун барои амалисозии иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саҳми арзанда дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ба муносибати Рӯзи забон бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ сарфароз гардонидани шуданд.
     Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар васфи забони тоҷикӣ шеърҳои баландмазмун қироат намуда, кормандони шуъбаи фарҳанги ноҳия бо рақсу сурудҳои дилнишин ва саҳначаи ҳаҷвӣ хотири ҳамагонро шод намуданд.