Дар ҳама давру замон ҷомеа ба табибони ҳозиқ ва тавонманд ниёз дорад. Махсусан ҳоло, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо пандемияи КОВИД-19 дар мубориза аст, нақши табибон ва зарурати таваҷҷуҳ ба соҳаи тандурустӣ бештар мегардад.
Ҳамасола дар мамлакат 18-уми август ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ таҷлил карда мешавад, ки ин рӯз ба мавлуди алломаи бузург Абӯалӣ ибни Сино алоқамандӣ дорад. Имсол низ, чун анъана, санаи 18-уми август иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ дар Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ таҷлил гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадшариф Бобошоҳзода сартабиби Беморхонаи марказии ноҳия Абдурасул Абдулмаҷидзода, меҳмонон, кормандони Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ ва КАТС-и Маркази саломатӣ дар ноҳия иштирок намуданд. 
Чорабиниро сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ Абдурасул Абдулмаҷидзода ифтитоҳ карда, сухани табрикиро ба муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадшариф Бобошоҳзода дод. Муовини раиси ноҳия дар суханронии худ тамоми табибон ва кормандони соҳаи тандурустии ноҳияро бо иди касбияшон табрик кард.
Дар идомаи чорабинӣ табибон ва кормандони соҳаи тандурустӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ, Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ ва Кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқи касабаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Инчунин, аз тарафи Кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқи касабаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ Абдурасул Абдулмаҷидзода бо медали ҷашнӣ бахшида ба 85-солагии Иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.