ТАҶЛИЛ АЗ ИДИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН
2-юми октябр дар Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбони ноҳияи Рӯдакӣ ба ифтихори Иди касбии омӯзгорон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадшариф Бобошоҳзода, сардори Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ Сафаров Соҳибназар, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф Табарӣ, собиқадори маориф, собиқ сардори Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ Бобо Одинаев, директори Коллеҷи техникӣ-омӯзгории ноҳия Гулхумор Ҳусейнзода ва дигар кормандони соҳаи маорифи ноҳия иштирок намуданд.
Чорабинии тантанавиро сардори Раёсати маорифи ноҳия Сафаров Соҳибназар ифтитоҳ намуда, сухани табрикотиро ба муовини раиси ноҳия Маҳмадшариф Бобошоҳзода супорид. Баъд аз суханронӣ ва табрикоти муовини раиси ноҳия, деректори Коллеҷи техникӣ-омӯзгории ноҳия Гулхумор Ҳусейнзода суханронӣ намуд. Сипас собиқ сардори Раёсати маорифи ноҳия Бобо Одинаев, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф Табарӣ, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 Хайриддин Идиев, омӯзгори ҷавони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 35 Парвина Самандарзода бо суханронии худ омӯзгоронро бо Иди касбияшон табрику таҳният хонданд.
Дар идома, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои шоён дар соҳаи маориф, саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ директори Гимназияи тоҷикӣ-русии ба номи А.С. Пушкин Маликов Ҷамшед, директори Гимназия-парваришгоҳи ба номи Б. Ғафуров Юсупова Гулноза, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 35 Муллоева Қумрӣ, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 Раҳимов Фарҳод, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 122 Шоев Саидҷаъфар бо нишони "Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфароз гардонида шуданд.
Дар баробари ин, аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ 21 нафар омӯзгорони пешқадам бо Сипосномаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ сарояндаи шинохтаи кишвар Лола Азизова ва ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия бо сурудҳои дилангез хотири меҳмонон ва омӯзгоронро шод намуданд.