Имрӯз, 17-уми сентябри соли 2024 дар деҳаи Охчакмани Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ Семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи "Технологияи парвариши ангури ҷавз (султонӣ) ва аҳаммияти ғизоии он" баргузор шуд.
Дар семинар вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Амонулло Салимзода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ- муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Пирзода ва ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Усмон Маҳмадёрзода ширкат варзиданд. Ҳамзамон, дар семинар раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, муовинони раиси ноҳияи Рӯдакӣ, раисон ва муовинони раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, олимони соҳаи токпарварӣ роҳбарони ташкилоту идораҳои дахлдори ноҳия иштирок доштанд.
Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода зимни ифтитоҳи семинар қайд намуд, ки мақсад аз баргузории чорабинии имрӯза ин шиносоӣ пайдо намудан аз таърихи навъи нодири ангур, яъне ангури ҷавз, тарзи парвариш ва аҳаммияти ғизоии он ба ҳисоб меравад. Гуфта шуд, ки ҳоло токпарварӣ ба яке аз соҳаҳои сердаромад табдил ёфтаааст. Саҳми ин соҳа дар таъмини бозор ва эҳтиёҷоти дастархони мардум бо ангури хушсифат хеле бузург мебошад.
Аз миёни навъҳои гуногуни ангур, ки дар кишвари офтобрӯяи мо парвариш карда мешаванд, навъи ҷавз (султонӣ) яке аз беҳтаринҳо ба шумор меравад. Ин навъи ангур дар водии Ҳисор парвариш меёбад. Ба гуфтаи ангурпарварон ҷойи пайдоиши ин навъи ангур Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ буда, аз ҳамин лиҳоз дар ин минтақа нашъунамои хуб мекунад. Аз қадим ангури ҷавз (султонӣ) бо шаклу ранг ва тамъи хоси худ бартарӣ дошт ва дар дастурхони шоҳон дида мешуд. Аз ин рӯ, ба он номи "султонӣ"-ро гузоштаанд. Ҳоло дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ 265 га токзор мавҷуд мебошад, ки аз он 54 га-ро навъи ангури ҷавз (султонӣ) ташкил медиҳад.
Дар идома, раиси ноҳия аҳаммияти парвариши дурусти ток ва васеъ намудани токзорҳоро дар минтақа муҳим дониста, оид ба ин масъала маслиҳатҳо дод.
Сипас, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода суханронӣ намуда, дар хусуси мавзуи семинар ва ҳолати соҳаи токпарварӣ дар кишвар изҳори назар кард. Ҳамчунин, дар идома мутахассисони соҳа ва токпарварон баромад карда, оид ба роҳҳои дурусти парвариши ток, нигоҳубини он, ҷамъоварӣ, захира ва хушк кардани ангур маълумот доданд.
Дар қисмати амалии семинар иштирокчиён аз хоҷагии деҳқонии ба номи "Қодир", ки ба Ҳаитмуҳаммад Каримов тааллуқ дошта, дар майдони 6 га ба парвариши ангури ҷавз машғул аст, аз наздик шинос шуданд. Дар ин ҷо иштирокчиён аз тарзи омода намудани мавиз низ ошноӣ пайдо карданд.