Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар шаҳраки Сомониёни ноҳия бо шумораи зиёди ҷавонон ҳашари умуминоҳиявӣ таҳти шиори "МО ҶАВОНОН ИН ВАТАНРО САБЗУ ХУРРАМ МЕКУНЕМ" гузаронида шуд. 
Дар чорабинии мазкур аввалин ниҳолро Раиси ноҳия муҳтарам Акрамзода Рустам бо ҷавонон шинониданд. Дар ҳашар зиёда аз 1000 ниҳолҳои ороиши ва сояафкан аз ҷониби кулли ҷавонони ноҳия шинонида шуд. Мақсад аз ташкили чорабини ин ҳам бошад омодагӣ ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон мебошад.