30 марти соли 2021 бо мақсади иҷрои сифатноки ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2021, дар маркази маъмурии ноҳияи Рӯдакӣ шаҳраки Сомониён даври ноҳиявии Фестивали ҷумҳурявии «Сайри гули лола» баргузор гардид.
Дар Фестивал ғолибони даври аввал ва намояндагони 14 шаҳраку деҳоти ноҳия ва 8 ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.
Намояндагони Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимзода Мустақим Латиф ва муовини директории Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Набизода Наим аз баргузории фестивал дидан намуда, дар маросими супоридани диплому сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуда, суханронӣ карданд.
Бо қарори ҳайати доварони даври ноҳиявии Фестивали ҷумҳурявии «Сайри гули лола» дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти роҳбарии муовини Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Хайрулло Суфиев аз руйи шартҳои ташкили гулгаштҳо ва бахши санъат, бо назардошти самтҳои наққошии беҳтарини гулҳо, парвариши намудҳои гуногуни гули лола, рақси лола, суруд ва шеърҳо дар васфи лола, Ватан, Тоҷикистон, барномаҳои адабӣ ва фолклорию этнографӣ ғолибони як ҷойи аввал шаҳраки Сомониён, ду ҷойи дуюм деҳти Чортеппа ва Чоргултеппа, се ҷойи сеюм Раёсати маориф, деҳоти Эсанбой ва Роҳдтӣ муаян карда шуда, бо дипломҳо ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ кадрдонӣ гардиданд.
Ҳамчунин бо мақсади ҳавасмандгардони барои иштироки фаъолона дар ташкил ва баргузории Фестивали «Сайри гули лола» Коллеҷи техникию омӯзгорӣ, Раёсати кишоварзӣ, Шуъбаи ҳифзи муҳити зист, Корхонаи «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Маркази эҷодиёти кӯдакону наврасон ва Бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия бо сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ сарфароз гардонида шуданд.