Сада аз қадимтарин ҷашнҳои миллати тоҷик аст, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон Тоҷикистон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё гардид.
Маънои Сада ин калимаи сад буда, сад шабу рӯзи пеш аз Наврӯзро ифода мекунад, яъне Сада як навъ муждаи омадани Наврӯзро ба ҳамагон мерасонад.
Тайи солҳои охир ҷашни Сада ҳамасола дар тамоми гӯшаву канори мамлакат таҷлил карда мешавад. Имсол иди Сада ба 30 январ рост омад ва имрӯз дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд.
Дар ин ҷашни миллии ниёгонамон, ки далели фарҳангсолории миллати тоҷик аст, дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳо намояндагон, кишоварзон ва ҳунармандони ноҳияи Рӯдакӣ фаъолона бо ҳисси баланди худшиносӣ бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ниҳоли гулу дарахтон, ҳунарҳои мардумӣ, дастурхони идона ва рақсу таронахонӣ иштирок намуданд.
Возможно, это изображение (9 человек, люди стоят, на открытом воздухе и текст «нохияи рудакй чашни сада муборак!»)
Возможно, это изображение (3 человека, фрукт и на открытом воздухе)
Возможно, это изображение (4 человека и на открытом воздухе)