РОҲПАЙМОИИ ТАНТАНАВӢ ВА БАРНОМАИ БОШУКӮҲИ ФАРҲАНГӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ

 

     Ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳамчун санаи таърихӣ ва муқаддаси расидан ба мустақилияти миллӣ дар миёни дигар иду ҷашнҳои милливу давлатӣ мақоми махсус дошта, ҳамасола дар сатҳи гуногун бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад. Имсол мардуми сарбаланди ноҳияи Рӯдакӣ бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва

ваҳдату осоиштагӣ 33-солагии Истиқлоли давлатиро дар сатҳи баланд истиқбол гирифтанд.

      Чорабинии асосии ҷашнӣ - роҳпаймоӣ ва барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатӣ рӯзи 9-уми сентябр дар маркази ноҳия – шаҳраки Сомониён доир шуд.

 

    Субҳи барвақт роҳбарону намояндагони ташкилоту муассисаҳо, сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ ва намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот барои иштирок дар роҳпаймоӣ ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар майдони назди Парчами давлатӣ ҷамъ омаданд.

      Роҳпаймоӣ аз майдони назди Парчами давлатӣ оғоз шуда, то майдони назди муҷассамаи устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ идома кард. Дар роҳпаймоӣ иштирокчиён бо шиору овезаҳо дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, масири душвори амалисозии ҳалафҳои стратегии кишвар, иқдому ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, дигар дастовардҳои соҳаи илму маориф, фарҳанг, варзиш ва сайёҳии кишварро инъикос намуданд.

       Иштирокчиёни роҳпаймоӣ пас аз гузашти тантанавӣ дар майдони назди муҷассамаи устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ баҳри тамошои барномаи фарҳангӣ ҷамъ омаданд.

 

     Дар чорабинии фарҳангӣ раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ – муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзовалӣ Сафармуҳаммадзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ, инчунин, роҳбарони мақомоти суд, прокуратура, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, директорони муассисаҳои таълимӣ ва сокинону фаъолони ноҳия ширкат варзиданд.

      Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода бо сухани табрикӣ баромад намуда, меҳмонон, ҳозирин ва ширкаткунандагони роҳпаймоии тантанавиро ба муносибати 33-солагии Истиқлоли давлатӣ шодбош гуфт. Қайд гардид, ки имрӯз ҳар як фарди Тоҷикистон ба хубӣ дарк менамояд, ки Истиқлол муқаддастарин неъмат, рукни асосии давлати озоду обод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаободиву саодатмандӣ, сарбаландиву осоиштагӣ ва неруи тавонбахши ҳаёт мебошад. Даврони соҳибистиқлолӣ барои миллати тоҷик имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи хеш ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намояд. Самараи неки Истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гардид, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.

      Дар идома, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ – муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзовалӣ Сафармуҳаммадзода низ баромад намуда, мардуми ноҳияи Рӯдакиро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни муқаддасу миллӣ табрик кард. Гуфта шуд, ки волотарин неъмат барои ҳар як халқу миллат соҳибистиқлолӣ ва мустақилияти сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ аст, ки давлат рушд намуда, дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми хосса пайдо месозад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибихтиёрӣ ба дастовардҳои бузургу назаррас ноил гардида, дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шуд, ки мо бояд аз ин шукргузор бошем.

      Пас аз суханони табрикӣ қисмати фарҳангии чорабинӣ шуруъ шуд. Дар қисмати фарҳангӣ ҳунармандон, навозандагону сарояндагони маъруфи ноҳия ва кормандони бахши фарҳанг бо барномаи ҷолибу рангини фарҳангӣ хотири инштирокчиёнро шод намуданд. Суруду таронаҳои ватандӯстона ва тараннумгари истиқлолу озодӣ ва сулҳу ваҳдат бар ҷашн шукӯҳу шаҳомат бахшид.