Рӯзи 9-уми сентябр дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ - шаҳраки Сомониён бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури раиси ноҳияи Рӯдакӣ Азизулло Исматзода роҳпаймоӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд.
Дар роҳпаймоии осоишта ташкилоту муассисаҳо, сохтору бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, миёнаи умумӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерии ноҳия ширкат варзиданд. Иштирокчиёни роҳпаймоӣ дар вазъияти тантанавӣ, дар даст шиору расм, Парчами давлатӣ ва дигар рамзҳое, ки таҷассумгари дастовардҳои 30 соли соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб мераванд, аз майдони назди муҷассамаи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гузаштанд.
Пас аз анҷоми роҳпаймоӣ ва сухани табрикии раиси ноҳия ҳунармандони бахши фарҳанг барномаи театрикунонидашудаи фарҳангиро манзури меҳмонон ва сокинони ноҳия карданд. Дар барномаи фарҳангӣ сарояндагони маъруфи ноҳия суруду таронаҳои ватандӯстонаву меҳанпарастона сароиданд ва комёбиву муваффақиятҳои 30 соли Истиқлоли давлатиро тараннум намуданд.