Дар доираи моҳвораи ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, субҳи 23 май дар маркази ноҳия роҳпаймоии ҷавонон баргузор гардид ва донишҷӯёни коллеҷҳо ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо рӯҳияи идона иштирок намуданд.
          Иштирокчиёни роҳпаймоӣ бо шиору овезаҳо, ки ифодакунандаи пайравӣ аз сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва якдиливу якмаромии онҳоро ифода менамуд, аз даромадгоҳи ноҳия то назди муҷассамаи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ роҳпаймоӣ намуданд.