Бо максади пешгирии обхези, сохилмустахкамкуни ва хифзи  бехатарии сокинони нохия,  бо  дастгирии раиси ноҳияи Рудаки  Акрамзода Рустам ва ташаббуси  сардори шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди  макомот подполковник Назарзода Фазлиддин Каримбек  корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар дарёи Элок аз 18 - уми феврали соли чори огоз гардид.

   Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва коҳиш додани офатҳои табиӣ пеш аз мавсими селу обхезӣ дар ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ - деҳаҳои Шафақ, Комсомол ва Адолат бо ҷалби аҳолии маҳаллӣ ва истифода аз 3 адад техникаҳои пуриқтидор корҳои тозакунии соҳилҳои дарёи Элокро ташкил ва баргузор намуданд.

      Обшавии барфҳо дар мавсими баҳор метавонад боиси баланд шудани сатҳи об дар дарёи Элок гарданд, ки он дар навбати худ боиси обхезӣ дар деҳаҳои мазкур шаванд. Бо назардошти ин барои баланд бардоштани иқтидори системаи обёрӣ, тоза кардани селобаи дарёи Элок 600 метри соҳили он тоза карда шуд. Кор дар ин самт идома дорад.

    Илова бар ин, кормандони КҲФ дар байни аҳолӣ аҳамияти шарҳдиҳанда ва иттилоотӣ, ки дар он нақши ҳар як шаҳрванд дар пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва дар доираи риояи асосҳои бехатарии ҳаёт зикр шудааст, қайд карда шуд.