Рӯзи 7 сентябр дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе, марказҳои маъмурии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати зиёда аз 162 ҳазор афсарону сарбозон паради ҳарбӣ доир гардид. Дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ низ бо иштироки раиси ноҳия Азизулло Исматзода расми гузашти низомӣ баргузор  гашт. 
Дар паради ҳарбӣ хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони захираҳои сафарбарии қисму воҳидҳои ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ширкат варзиданд.
Пеш аз оғози расми гузашти низомӣ раиси ноҳияи Рӯдакӣ Азизулло Исматзода баромад намуда, тамоми хизматчиёни ҳарбиро ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфт.