Ба ҳамагон маълум аст, ки сулҳу суботи Тоҷикистон бар ивази ҷонфидоиҳои ҷавонмардони шуҷои Ватан ба даст омада, барои расидан ба чунин вазъи мусоид халқи тоҷик кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ дода, рӯзҳои даҳшатноку фоҷиаборро сипари намуда, даврони мушкили иқтисодиву иҷтимоиро паси сар кардааст.  Имрӯзҳо халқи тоҷик дар арафаи ҷашни бузург-Ваҳдати миллӣ қарор дорад. Дар ин раванд нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон низ басо намоёну бузург аст. Ӯ ҳамчун меъмори сулҳи тоҷикон, пешвои ваҳдатофар ба ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хотима гузошта, бунёди сулҳу ризоияти миллиро бо такя ба арзишҳои таҳаммулгарои ва ҳамзистии осоишта ба воқеият табдил дода, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам тақвият бахшид. Ҳамин Пешвои мо буд, ки бо қувваҳои мухолифин дар гуфтушунид шуд, музокиротро дар доираи васеи сиёсат-самадорон анҷом дод ва ниҳоят ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амали гардонида, барои санаи 27 июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа зами-наҳои ҳуқуқию сиёсиро фароҳам сохт. Сулҳи тоҷиконро ба даст овард, заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохт, ба корҳои азими созандаги ифтитоҳ бахшид, вазъи  иҷтимои ва иқтисодии мардумро ба кулли беҳтар кард, ки аз он эътибори сиёсии давлат дар арсаи байналмиллали афзуд.

        Рўзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа, ҳамчун санаи фархундаи таърихи Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд ва он  ҳамчун дастоварди миллӣ ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.

        Нодида гирифтани чунин хизматҳои арзандаи Сарвари давлат, пос надош-тани арзишҳои муқаддаси соҳибистиклолии давлат ва Ваҳдати милли амали баръало равшани носипоси ва ношукрист. Дар ҳоле ки аз Ватан ношукри кардан гуноҳ буда, ватандӯсти аз имондорист.

Таърих исбот намудааст миллатҳое, ки баҳри рушду нумӯи давлати миллии худ мубориза мебаранд, ҳадафҳои худро дар доираи мафкураи миллӣ асоснок менамоянд, имрӯз бисёр муваффақанд.             Имрӯз вақти он расидааст, ки мафкураи миллиро дар байни оммаи васеи шаҳрвандон таблиғу ташвиқ намуда, онро ҳамчун ғоя ба хислати ҳамагон табдил диҳему барои инкишофи босуръати Ватани азиз саҳм гузорем.              Ҳамчунин Ваҳдати милли дар баробари андешаи милли моро ҳидоят менамояд, ки дар бораи рушди соҳаҳои муҳими афзалиятноки иҷтимоии ҷомеа, аз ҷумла соҳаи маориф зиёдтар таваҷуҳ зоҳир намоем. Масъулияти бештарро дар тарбияи насли худогоҳу худшинос, ватандӯсту зираку ҳушёр эҳсос намоем. Аслан ба насли ҷавон талқин кунем, ки ҷавҳари худшиносиву худогоҳии милли ва ифтихори ватандори, пеш аз ҳама дӯст доштани модар, забон, Ватан, таърих ва арзишҳои миллию фарҳангӣ мебошад.

        Дар ҳамаи динҳо, алал-хусус дини мубини ислом, тамоми ибодатҳо бар ахлоқ асос меёбанд.  Ҳадафи ибодат низ соҳиб гаштан ба ахлоқи нек аст. Ин ҷо фармудаи Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с)-ро ёдовар шудан бамаврид аст: «Мусулмон танҳо касе аст, ки аз дасту забони ӯ ҳамаи мусулмонон дар саломат бошанд ва ба касе азият нарасад. Муъмин касе аст, ки мардум дар хуну моли худ аз дасти ӯ дар ҳифзу амният қарор гиранд».

        Чи тавре, ки огаҳи дорем бархе аз ҷавонон ба дасисаву ангезаҳои хаёлии аҷнабиён ва душманони миллат ихлос намуда, ҳатто пайрави онҳо мегарданд. Ҳар гуна рафтори бадро кӯркӯрона қабул меку-над. Тобеи фикрҳои дигарон, ё худ одамони норизо аз ҷомеа мегарданд.

        Дар ҳамин ҳол вазифаи аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа, падару модарон пеш аз ҳама мустаҳкам намуда­ни мафкураи милли дар ҷавонон ва дар рӯҳияи ватандустиву ифтихори милли, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашари тарбия намудани онҳо мебошад. Ҷавонон бояд соҳибилм, эҷодкор, бомаърифат, бофарҳанг, меҳнатдӯст ва солимфикр бошанд.

        Ҳамзамон ташаккули зеҳни, илми, хештаншиносиву худогоҳии миллии ҷавонон, муҳаббати беандоза ба Ватан, парҳез аз бегонапарастиву таассуби дини, моҷароҷӯйи, терроризм ва экстремизм вазифаи тамоми сокинони мамлакат маҳсуб меёбад.

       Моро зарур аст, ки ба қадри суботу ороми бирасем ва аз пайи омӯзишу бунёдкори, рушди иқтисодиёт ва пешрафти дигар самтҳои кишвари азизамон Тоҷикистон бошем. Бешак, Ваҳдати милли,  иттиҳоду ягонаги, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими халқиятҳои хирадманд ва сулҳпарвари Тоҷикистон бори дигар собит месозад, ки имрӯз таҳким ва ҳифзи он қарзи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа ба шумор меравад.

 

Меликмурод Қаландаров