Дар ин мусобиқа 243 нафар паҳлавонон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, инчунин паҳлавонони беҳтарини ҷумҳуриамон бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Мусобиқа аз рӯи вазнҳои 60, 66, 73, 81, 90, 100 ва ҷамъи 100 кг гузаронида шуд.
Сабқатҳои ниҳоии паҳлавонони вазнҳои 60-100 кг ва қувваозмоии паҳлавонони сангинвазн (+100кг) рӯзи охирини мусобиқа, яъне 5 октябр барпо гардид.
Аз паҳлавонони ноҳияамон 3 нафар, Раҳимов Темур, Ғазалшоҳи Давлатшоҳ ва Муҳаммадраҳимов Абдуқодир дар ин мусобиқа иштиро намуданд.
Паҳлавонони ҷавону умедбахши наҳия Раҳимов Т. дар рафти мусобиқа, дар вазни +100кг баромад намуда, 4 нафар паҳлавонро аз ҷумҳуриамон ва ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон мағлуб намуда, сазовори ҷойи яку, медали тилло, Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10 ҳазор сомонӣ гардид. Паҳлавони дигари ноҳия Ғазалшоҳи Давлатшоҳ дар вазни то 100 кг баромад намуд. Ӯ баъди се ғалаба аз паҳлавони Қазоқистон Пак Сергей мағлуб шуда, ҷойи сеюмро инғол намуд.
Муҳаммадраҳимов Абдуқодир бошад, дар давраи якум аз паҳлавони Ҷумҳурии ҚазоқистонТоктоконов Бекболот мағлуб гардида, аз давом додани мусобиқа маҳрум гардид.
Ҳамин тариқ, паҳлавони зерин аз рӯи дигар вазнҳо ғолибони мусобиқа гардиданд:
Дар вазни то 60кг-Рӯзиев Достон (Ӯзбекистон);
Дар вазни то 66 кг-Юсупов Абдуҷалил (Ӯзбекистон);
Дар вазни то 66 кг-Фарҳодов Раҳматуллобек (Тоҷикистон);
Дар вазни то 81 кг-Маҷидов Ҷаҳонгир (Тоҷикистон);
Дар вазни то 90 кг-Мелиев Достон (Ӯзбекистон) ;
Дар вазни то 100 кг-Саидов Саидҷалол (Тоҷикистон);