Имрӯз, 12-уми феврал дар маҷлисгоҳи бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки доираи васеи хабарнигорони расонаҳои ҷумҳуриявӣ ва ноҳиявӣ нишасти матбуотии раиси ноҳияи Рӯдакӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2020 баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Рӯдакӣ Исматзода Азизулло, муовини аввал, муовинон, кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ширкат варзиданд.
Нишасти матбуотӣ бо суханронии муқаддимавии Раиси ноҳия оғоз гардида, иштироки фаъолонаи хабарнигорони расонаҳои ахбори оммаро дар нишастњои матбуотӣ қайд намуда, қаноатмандии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро аз ҳамкориҳо бо хабарнигорони васоити ахбори омма, изҳор намуд.
- Соли 2020 барои мардуми ноҳияи Рӯдакӣ давраи хотирмонӣ созандагӣ, бунёдкориҳо ва рушди иҷтимоию иҳтисодӣ гардида, ташрифҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия, мардуми диёрро ба бунёдкориву созандагиҳои навин раҳнамун сохт, ки дар натиҷа тавонистем ба муътадилгардии вазъи иқтисодӣ - иҷтимоӣ ва афзоиши воқеии нишондиҳандаҳо ноил гардем.
Дастовардҳои ноҳия қабл аз ҳама, аз татбиқи сиёсати воқеан хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат ва вазифагузориҳои Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои истифодаи ҳарчи бештари иқтидори созандаи ватандӯстӣ баҳри ҳар як шаҳрванди мамлакатамон имкониятҳои васеъ фароҳам меоварад, сарчашма мегиранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ фаъолияти худро ҷиҳати таъмини ҳадафҳои олии кишвар ва нақшаҳои бузурги бунёдкорӣ, баҳри татбиқи барномаҳои тараққиёти иҷтимоиву иқтисодӣ, таъмини инкишофи устувори тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, рушди соҳибкорӣ, шаклҳои мухталифи моликият ва ҷалби сармояҳо, ки дар маљмӯъ ба болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ нигаронида шудааст, равона намуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои сокинони диёр, тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст, - қайд намуд Раиси ноҳия Исматзода Азизулло Убайдулло.