11 феврали соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони 25 расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла АМИТ "Ховар", Радиои "Тоҷикистон", Телевизиони "Ҷаҳоннамо", рӯзномаҳои "Ҷумҳурият, "Садои мардум, "Народная газета", "Минбари халқ", "Халқ овозӣ", иштирок карданд.
Раиси ноҳия Азизулло Исматзода хабарнигоронро хайрамакдам гуфта, онҳоро аз натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар соли 2021 шинос намуд.
Баъди шиносоӣ пайдо кардан бо натиҷаҳои ноилшуда дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия хабарнигорон ба масъалаҳои иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳои фаннӣ, таъмири роҳҳо, таъмини сокинон бо оби ошомиданӣ ва нақшаи чорабиниҳо дар доираи ҳадафи саноатикунонии кишвар эълон гардидани солҳои 2022-2026 "Солҳои рушди саноат" бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба раиси ноҳия саволҳои зиёде доданд ва посухҳои мушаххас гирифтанд.
Раиси ноҳия Азизулло Исматзода зимни посух додан ба саволҳо изҳор намуд, ки ҳарчанд дар соли 2021 натиҷаҳо дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия назаррасанд, вале боз камбудиҳо низ ба мушоҳида мерасанд. Аз ин лиҳоз, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар соли 2022 ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиди ғанӣ гардонидани буҷет, ҳарчӣ бештар истеҳсол намудани маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарастӣ, хештаншиносӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, танзими расму оин ва ҷашну маросимҳо ва ҳидояти мардум ба корҳои ободонию созандагӣ, тадбирҳои муайянро ба нақша гирифта, ҷиҳати амалисозии онҳо тамоми чораҳоро меандешад.